Эрон азми идомаи рушди осоиштаи технологияҳои атомиро изҳор дошт – ИА Караван Инфо
Эрон азми идомаи рушди осоиштаи технологияҳои атомиро изҳор дошт

МОСКВА, 27 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Дар Маскав “ҳафтаи ҷаҳонии атомӣ” (WAW) баргузор мешавад, ки дар он таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон ба ҳайатҳои кишварҳое, ки дар бораи онҳо маълумоти мустақим кам ба даст оварда мешавад, равона намуда шудааст.

Мусоҳибаи Раиси Созмони энергияи атомии Эрон (СЭАЭ) ва ноиби президенти кишвар Муҳаммад Эслами ба шабакаи телевизионии “Россия 24” таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.

Эслами таъкид намуд, ки зарбаҳои ИМА ва Исроил ба иншооти Эрон самти кишварро тағйир намедиҳанд. “Зарба зада шуд ва каме таваққуф хоҳад намуд, аммо онҳо инфрасохтори ҳастаиро хароб намуда натавонистанд. Мо бо қадамҳои бузург ба пеш меравем”, – изҳор дошт ӯ ва қайд намуд, ки сухан танҳо дар бораи ҳадафҳои осоишта меравад.

Дар майдонҳои форум Эслами бо директори Генералии МАГАТЭ Рафаэл Гросси вохӯрд. Мулоқот дар пасманзари қарори Теҳрон дар бораи аз нав дида баромадани формати ҳамкорӣ бо оҷонсӣ баргузор шуд: акнун иҷозати нозирон ба иншоот аз ҷониби шӯрои Олии амнияти Миллии Эрон танзим намуда мешавад.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи раиси СЭАЭ, санҷишҳо идома доранд: ба наздикӣ санҷиш дар НБА Бушер гузаронида шуд ва боз як санҷиш дар якҷоягӣ бо мутахассисони русия гузаронида мешавад. Илова бар ин, маркази тадқиқоти ҳастаии Теҳрон тафтиш намуда шуд.

Эслами хотиррасон намуд, ки Теҳрон омода аст бо МАГАТЭ ҳамкорӣ кунад, аммо “бо риояи шартҳои ҷониби эрон”, зеро созмон ҳеҷ гоҳ зарбаҳоро ба иншооти эрон маҳкум нанамудааст.

Аксҳо: IRNA

error: