Орбан: «Ин чанг аллакай хал шудааст — Россия галаба намуд. Ягона савол ин аст, ки сулҳ  бо кӣ хоҳад буд». – ИА Караван Инфо
Орбан: «Ин чанг аллакай хал шудааст — Россия галаба намуд. Ягона савол ин аст, ки сулҳ  бо кӣ хоҳад буд».

МОСКВА, 2 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Сарвазири Венгрия Виктор Орбан дар эфири радиои миллӣ изҳор дошт, ки ба андешаи ӯ, натиҷаи ҷанг бо Украина аллакай муайян шудааст ва “Русия пирӯз шуд”.

Ба гуфтаи сиёсатмадор, танҳо фаҳмидани он боқӣ мемонад, ки бо кӣ созишномаи сулҳ ба имзо мерасад — бо ИМА ё бо кишварҳои Аврупо.

Орбан инчунин қайд намуд, ки сарфи назар аз “заифии” Русия дар сатҳи ҳарбӣ, иқтисодӣ, демографӣ, маҳз Аврупо ноустуворӣ нишон медиҳад.

“Мо қавитарем, аммо мисли заиф рафтор мекунем”гуфт ӯ.

Аксҳо: Саҳифаи расмии В. Орбан дар шабакаи иҷтимоӣ

error: