Қарори Ҳукумат ба рушди низоми муосири почта ва боло бурдани сатҳи хизматрасониҳо нигаронда шудааст.
Душанбе, 07 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2025 дар кишвар Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Корхона бо роҳи муттаҳидсозии се сохтор — «Почтаи тоҷик», «Алоқаи махсус» ва «Маркази марка» — ташкил гардид.

Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин иқдом дар доираи таҷдиди сохтори низоми почтавӣ амалӣ шуда, ҳадаф аз он рушди ҳамоҳанг, босамар ва рақобатпазири соҳаи муросилот дар мамлакат мебошад.
Таъсиси корхонаи нав қадами муҳиме дар самти цифрӣ гардонидан ва муттаҳидсозии инфрасохтори почтавию коммуникатсионӣ ба ҳисоб меравад. Ин тағйирот имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои почтавӣ бо суръати бештар, сифати баланд ва боэътимод дар дохил ва хориҷи кишвар анҷом дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки низоми почтавии Тоҷикистон аз соли 1997 бо номи КВД «Почтаи тоҷик» фаъолият мекард. Дар марҳилаи нав, КВД «Почтаи Тоҷикистон» ирсоли муросилот ва посилаҳоро ба тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва ба 192 кишвари ҷаҳон таъмин менамояд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон