Белоусов: суботи Осиёи Марказӣ аз ҳамкории зичи Русия ва Тоҷикистон вобаста аст – ИА Караван Инфо
Белоусов: суботи Осиёи Марказӣ аз ҳамкории зичи Русия ва Тоҷикистон вобаста аст

МОСКВА, 09 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Раиси Вазорати Мудофиаи Русия Андрей Белоусов дар мулоқот бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода қайд намуд, ки вазъ дар Осиёи Марказӣ мураккаб боқӣ мемонад ва суботи минтақа аз ҳамкории Маскав ва Душанбе вобаста аст.

“Имрӯз аз ҳамкории байни идораҳои низомии мо бисёр чизҳо ва пеш аз ҳама субот дар Осиёи Марказӣ вобаста аст. Вазъияти кунунӣ хеле мураккаб боқӣ мемонад”, – изҳор дошт Белоусов.

Вай зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар ҳама самтҳоро таъкид намуд: ҳамкории ҳарбӣ, табодули таҷриба, омӯзиш ва ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ.

“Ҳамаи ин аллакай дар маҷмаа кор мекунад, мо бояд ин самтҳоро минбаъд рушд диҳем”, — илова намуд Вазир.

Белоусов инчунин аҳамияти мулоқоти Генерал-полковник Собирзодаро қайд намуд.

 Қаблан Вазири русия гуфта буд, ки дар Афғонистон беш аз 20 гурӯҳи радикалӣ фаъолият доранд, ки таҳдиди асосии террористӣ ба Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд ва хатари вуруди ҷангиЁн ба кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад.

Аксҳо: Вазорати мудофиаи ҶТ

error: