МОСКВА, 15 октябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба ҳифзи саломатӣ тавсия дод, ки дар хониши аввал лоиҳаи қонун қабул намуда шавад, ки тартиби додани полиси суғуртаи ҳатмии тиббӣ (СҲТ) барои муҳоҷирони меҳнатиро тағйир диҳад.
Ҳуҷҷати пешниҳоднамудаи ҳукумати ФР санаи 29 сентябр пешниҳод мекунад, ки собиқаи ҳадди ақали суғурта барои гирифтани полис аз се то панҷ сол зиёд намуда шавад.

Тавре, ки раиси кумита Сергей Леонов хабар дод, ин навсозӣ ба “тағйири сиёсати муҳоҷират” равона шудааст ва бояд ба шуғли қонунии хориҷиён ҳавасманд кунад.
Тибқи маълумоти Вазорати Меҳнат, имрӯз дар Русия беш аз 3,5 миллион муҳоҷир расман кор мекунанд, ки тақрибан 40% – и онҳо собиқаи пурраи суғурта надоранд.
Лоиҳа инчунин ҳуқуқи роҳбарони минтақаҳоро барои хориҷ намудани ширкатҳои суғуртаи бесамар аз системаи СҲТ ва додани вазифаҳои онҳо ба фондҳои ҳудудӣ пешбинӣ мекунад.
“Ин барои ташкилотҳои суғуртавӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди шаҳрвандон ҳавасмандии иловагӣ эҷод мекунад”, — таъкид намуд Леонов.
Илова бар ин, ҳуҷҷат тартиби таъмини молиявии кӯмаки тиббиро ба сокинони минтақаҳои нав ДНР, ЛНР, вилоятҳои Запороже ва Херсон, аз ҷумла ҳисоб намудани мукофотҳо ва субвенсияҳои суғуртавиро мушаххас мекунад.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода
