Душанбе, 25 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. 24 ноябр дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон — бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоии бошукуҳи идона баргузор гардид.

Ҳанӯз аз субҳ рӯҳияи идона тамоми шаҳрро фаро гирифт: зиёда аз 50 ҳазор нафар — намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони идораю муассисаҳо, донишҷӯёну хонандагон ва ҷавонони фаъол — дар он иштирок карданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Шумори зиёди иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои ватандӯстона ва бо эҳсоси баландии ифтихори миллӣ аз хиёбони Ваҳдат то назди майдони Парчами давлатӣ раҳпаймоӣ карданд. Ҳазорҳо афшони парчамҳо, рангҳои миллӣ ва садои шодию ифтихор ба шаҳр симои идона бахшид.


Дар майдони Парчами давлатӣ қисмати асосии барнома баргузор шуд. Суруду таронаҳои давлатӣ садо доданд, гурӯҳҳои ҳунарӣ баромад карданд ва иштирокчиён саҳнаҳои фарҳангии миллӣ, таронаҳои ватандӯстона ва рӯҳияи муттаҳидиро эҳсос намуданд.
Гуфта шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ буда, ифодагари таърихи ғанӣ, арзишҳои миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик мебошад. Имрӯз парчами кишвар дар паҳлуи парчамҳои давлатҳои ҷаҳон дар майдонҳои байналмилалӣ парафшон шуда, нуфуз ва ҷойгоҳи устувори Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу рӯ ба рушд нишон медиҳад.

Парчам робитаи таърихии дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷикро ифода намуда, ба ҳар шаҳрванди кишвар неру, ифтихор ва масъулият мебахшад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
