Душанбе, 26 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. Дар МД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамбастагии хонандагони синфи 5а ва 5б, омӯзгорон ва маъмурияти муассиса дарси тарбиявӣ баргузор гардид.

Дарси тарбиявӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ҳангоми дарс хонандагон бо таърихи Парчам ва қабули Парчами давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шинос шуданд ва баромадҳои пурмазмун намуданд. Таъкид гардид, ки 33 сол пеш Парчами давлатии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, неруҳои содиқ ба Ватан ва миллатро муттаҳид намуд ва барои таъмини сулҳ, субот ва иттиҳоди тамоми сокинони кишвар замина фароҳам овард.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки миллати тоҷик дар таърихи тӯлонии худ ҳазорсолаҳо соҳиби парчам буд ва Парчам рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат мебошад. Ин рамз ҳар фарди бонангу номусро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят мекунад.

Сарвари давлат низ таъкид кардаанд:
“Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”
Дар интиҳои дарс хонандагон барномаи фарҳангӣ ташкил намуда, шеърҳо ва сурудҳои пурмазмуни ватандӯстона иҷро карданд. Чунин дарсҳои намунавӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ дар хонандагон мусоидат менамоянд.
Ташкилкунандагони дарс: Турсунова Ш., Масидова С.
АКС: МД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат»
