Душанбе, 24 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. Координатори доимии СММ Парвати Рамасвами фаъолият, энергия, ҷуръатмандӣ ва андешаҳои эҷодии ҷавонони Тоҷикистонро хеле баланд арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки саҳми онҳо дар ташаккули ояндаи кишвар бисёр муҳим аст.

«Мо мехоҳем андешҳо ва интизориҳои шуморо шунавем — ин ба мо кӯмак мекунад, ки барномаҳои СММ воқеан барои кишвар муфид бошанд», — таъкид кард Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, дар оғози машварати ҷавонон.
Дар ин машварат, ки ба таҳлили вазъи кишвар ва таҳияи Барномаи ҳамкории СММ барои рушди устувор барои солҳои 2027–2030 бахшида шуд, ҷавонони фаъол бо коршиносони СММ фикру пешниҳодҳои худро мубодила карданд.

Ҳамоҳангсози доимӣ ҷавононро даъват намуд, ки озодона нигарониҳо, пешниҳодҳо ва интизориҳои худро баён намоянд. «Овози шумо аҳамият дорад. Мо мехоҳем, ки фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид воқеан ниёз ва афзалиятҳои шуморо инъикос намояд», – таъкид кард ӯ.
Ҷавонони Тоҷикистон на танҳо ояндаи кишвар, балки иштирокчиёни фаъоли равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳастанд. Иштироки онҳо дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ба мувофиқ кардани барномаҳо бо ниёзҳои воқеии ҷомеа, ташвиқи инноватсия ва устувории рушди кишвар мусоидат мекунад.
Машваратҳо бо ҷавонон майдони кушод барои мубодилаи назар эҷод мекунанд, ки пешниҳодҳои насли нав дар сиёсати миллӣ ва байналмилалӣ инъикос ёфта, самаранокии барномаҳои рушди устувор ва иштироки ҷавононро дар қабули қарорҳо афзоиш медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»
