Хизмат ба Модар–Ватан: дар қисми ҳарбии 5453 Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд - ИА Караван Инфо
Хизмат ба Модар–Ватан: дар қисми ҳарбии 5453 Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд

Душанбе, 22 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қисми ҳарбии 5453-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Рӯзи дарҳои кушод ва мулоқоти сарбозону афсарон бо ҷавонон доир гардид.

Чорабинӣ тибқи Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати мудофиа ва Вазорати маориф ва илм баргузор шуда, ҳадафаш таҳкими ватандӯстӣ, боло бурдани худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар–Ватан мебошад.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти қисми ҳарбӣ, масъулини бахши ҷавонону варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Донишҷӯён аз шароити хизматии сарбозону афсарон, инфрасохтори қисм ва ҷараёни хизмати ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар суханрониҳо зикр шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ — аз ҷумла Парчами миллӣ — яке аз унсурҳои муҳими ташаккули шахсият ва масъулияти шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷом ҳайати фарҳангии донишгоҳ барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод кард, ки фазои дӯстона ва рӯҳбаландкунанда ба вуҷуд овард.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки чорабиниҳои мазкур то охири моҳи декабр дар 35 қисми ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар идома меёбанд. Ба онҳо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ҷалб мегарданд.

Ин иқдомҳо, ба таъкиди ташаббускорон, барои мустаҳкам намудани робитаи ҷомеа бо артиш ва таҳкиму густариши ҳисси масъулияти ҷавонон нисбат ба Модар–Ватан равона шудаанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

error: