Душанбе, 13 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон Инвест-2025», ки 11 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар баргузор гардид, 30 ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи форум ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ба соҳаҳои асосии иқтисодиёти вилояти Хатлон, рушди ҳамкории байниминтақавӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии минтақа ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо шарикони байналмилалӣ мебошад.
Дар кори форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои дахлдор, корпуси дипломатии кишвар, доираҳои тиҷоративу сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони расмии зиёда аз 20 кишвар, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд иштирок карданд.

Дар доираи форум намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон ташкил гардид.
Барномаи форум се самти асосӣ дошт:
- «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир»;
- «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ»;
- «Аз замин то бозор: рушди занҷираҳои арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ».
Дар ҷаласаҳо механизму роҳҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешбурди лоиҳаҳои инфрасохторӣ тавассути шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва шарикони рушд оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон, брендсозӣ ва рақамикунии содирот бо тамғаи «Made in Khatlon», таъсис ва пешбурди брендҳои миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ тавассути рақамисозӣ, шаклҳои муосири сармоягузорӣ ва маблағгузории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Бохтар ва дигар масоили муҳими рақамисозӣ, ташкилоти кластерҳои агроиндустриалӣ ва коркарди маҳсулот, тақвияти корхонаҳои бастубандӣ ва яхдонҳо, коркарди сабзавоту мева ва рушди иқтидори содиротӣ баррасӣ гардид.
Барномаи «Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — омили пешрафти соҳибкории занон» низ ҳамчун ҷузъи муҳим муаррифӣ шуд.
Дар доираи форум силсиламулоқотҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ дар шакли B2B баргузор гардид. Имрӯз иштирокчиён ва меҳмонони форум корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатии вилояти Хатлонро тамошо мекунанд ва ҳамзамон Фестивали анор дар шаҳри Норакро низ дидан хоҳанд намуд.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот».
