Душанбе, 13 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар вилояти Суғд машварати машваратии бахшида ба таъмини дурнамои рушди зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сохторҳои марбута ширкат варзиданд. Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, такмили ҳисоботҳои оморӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2025–2026 баррасӣ гардиданд.
Дар машварат масъалаҳои тозакунии каналҳои обёриву заҳбурун, шудгори босифати замин, васеъ намудани киштҳои такрорӣ, ҷалби заминҳои бекор ва аз истифода хориҷшуда, инчунин азхудкунии қитъаҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки кишти картошка ва пахта дар заминҳои обёришаванда тибқи нақшаҳои аграрӣ бояд бо сифати баланд анҷом дода шавад.
Раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезӣ Ориф Ҳоҷазода изҳор дошт, ки таъмини нишондиҳандаҳои пешбинишудаи кишт яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, ба таҳкими амнияти озуқавории кишвар равона шудааст.
Дар машварати ҷумҳуриявии 17 майи соли 2025 дар Данғара, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд:
«Мо бояд тамоми чораҳои заруриро барои таъмини амнияти озуқавории кишвар андешем ва ҳамаи имконияту захираҳои мавҷударо ба таври самаранок истифода намоем, то вобастагии бозори дохилиро аз молу маҳсулоти воридотӣ коҳиш диҳем».
Иштирокдорони машварати Суғд бо зикри ин дастур изҳор доштанд, ки маҳз идоракунии дурусти захираҳои обу замин, ҷорӣ намудани киштҳои такрорӣ ва баланд бардоштани интизоми меҳнатӣ дар бахши кишоварзӣ метавонанд устувории низоми озуқавории мамлакатро таъмин намоянд.
Дар анҷом ба шахсони масъул дастур дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, нишондиҳандаҳои пешбинишудаи киштро ба ҳар як деҳқон расонида, иҷрои онҳоро таъмин намоянд. Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки аз вазъи мусоиди обу ҳаво барои шудгори саривақтии замин истифода бурда, тухмиҳои босифати картошкаи барвақтӣ харидорӣ ва техникаи кишоварзиро пешакӣ омода созанд.
Ба андешаи коршиносон, чунин машваратҳо ба ташаккули нигоҳи ягона ба идоракунии самараноки иқтидори аграрии минтақаҳо мусоидат намуда, заминаи таҳкими истиқлолияти озуқаворӣ ва суботи бозори дохилии Тоҷикистонро фароҳам меоранд.
Акс: Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
