Душанбе, 13 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тибқи иттилои Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва воситаҳои ахбори оммавии Русия, ин тадбир бо мақсади ҷилавгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии алоқаи мобилӣ барои идоракунии дронҳо ва таҳкими амнияти рақамии кишвар татбиқ мегардад.

Ҳангоми фаъол шудани SIM-корти русӣ дар қаламрави кишвар баъди роуминги байналмилалӣ, интернет ва SMS дар он ба таври худкор барои 24 соат қатъ мегардад.
Ин маҳдудият ҳамчунин дар ҳолате ҷорӣ мешавад, ки SIM-корт беш аз 72 соат ғайрифаъол монад.
Корбар паёми иттилоотӣ дарёфт мекунад:
«Салом. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки пас аз бозгашт аз хориҷ дастрасӣ ба интернети мобилӣ барои 24 соат маҳдуд мегардад. Барои бардоштани маҳдудият ба шумо паёми SMS аз оператор барои тасдиқи шахсият ирсол мешавад».
Ҳамзамон, имконияти барҳам додани маҳдудият тавассути занг ба маркази хизматрасонии оператор низ мавҷуд аст.
Мувофиқи иттилои расмӣ, низом аз 10 ноябри соли 2025 дар реҷаи санҷишӣ фаъол гардид ва баъди натиҷагирии ибтидоӣ метавонад барои ҳамаи операторони мобилии Русия ҳатмӣ шавад.
Барои SIM-кортҳои хориҷӣ низ маҳдудиятҳои шабеҳ амал мекунанд: ҳангоми истифодаи онҳо дар роуминги Русия интернет ва SMS барои 24 соат боздошта мешаванд.
Татбиқи механизми “сардшавии SIM-кортҳо” як бахши муҳими сиёсати миллии таъмини амнияти киберӣ ва назорати радиошабакаҳо дар минтақаҳои марзӣ ба ҳисоб меравад.
Муттахассисон бар онанд, ки ин иқдом алайҳи шаҳрвандон равона нашуда, бештар барои пешгирӣ аз истифодаи шабакаҳои мобилӣ дар идоракунии бесарнишинон ва дастгоҳҳои автоматикӣ мебошад.
АКС: аз манбаъoи кушода
