Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон таҳияи Стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ оғоз ёфт — санади муҳиме, ки самтҳои дарозмуддати кишварро дар соҳаи амнияти экология, истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва рушди пасткарбон муайян хоҳад кард.

Муҳокимаи лоиҳа 28–29 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи Crown Plaza — дар доираи Конфронси миллии муҳити зист баргузор гардид. Дар он намояндагони ҳукумат, олимон, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Мақсади асосии ин санад — гузаштан аз тадбирҳои ҷудогона ба назариёти муназзам ва ҳамоҳангшудаи ҳифзи табиат, ки ҳам афзалиятҳои миллӣ ва ҳам ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Қабули он қадами муҳиме хоҳад шуд ба сӯи ояндаи устувор ва бетараф аз ҷиҳати карбон, ки дар он ҳифзи муҳити зист на маҳдудият, балки омили рушд ба ҳисоб меравад.
Доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов се таҳдиди асосиро зикр намуд:
- Нестшавии манзилгоҳҳои табиӣ ва харобшавии экосистемаҳо;
- Истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои табиӣ;
- Тағйирёбии иқлим, ки боиси хушксолии шадид ва камшавии захираҳои об мегардад.
Айни замон минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ тақрибан 22 фоизи ҳудуди кишвар (31,5 ҳазор км²)-ро дар бар мегиранд. Дар доираи стратегияи нав пешниҳод шудааст, ки ин нишондод то 28 фоиз (зиёда аз 40 ҳазор км²) расонида шавад.
Ба гуфтаи Саидов, истифодаи беандешонаи биозахираҳо оқибатҳои нигаронкунанда ба бор овардааст. Дар нашри охирини Китоби Сурхи Тоҷикистон 242 намуди ҳайвонот ва 304 намуди рустаниҳо сабт шудаанд, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд — 20 намуд бештар нисбат ба пешина.
«Мо намехоҳем, ки Китоби Сурх боз ҳам ғафстар шавад», — таъкид намуд ӯ ва зарурати гузариш ба усулҳои устувори истифодаи захираҳои табииро ёдовар шуд.
Соли 2025, ба гуфтаи коршиносон, соли аз ҳама хушк дар даҳсолаи охир буд, ки ба шароити зисти бисёр намудҳои набототу ҳайвонот таъсири манфӣ расонд.

Тағйирёбии иқлим таъсири маҷмӯӣ ба экосистемаҳо дорад ва татбиқи чораҳои илмӣ асосёфтаи мутобиқсозӣ ва барқарорсозии муҳити табиӣ-ро тақозо менамояд.
Лоиҳаи Стратегияи миллӣ дар бар мегирад:
- рушди бизнеси экологӣ ва деҳотӣ дар асоси принсипҳои устуворӣ,
- ҷалби сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ ба барномаҳои муҳофизати табиат,
- фаъолонаи занон дар қабули қарорҳо,
- такмил додани механизмҳои институтсионалӣ дар соҳаи экология.
Ба таъкиди иштирокчиён, ҳифзи гуногунии биологӣ бояд на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки самти афзалиятноки иқтисодӣ бошад — замина барои рушди иқтисоди сабз ва имкониятҳои нав дар минтақаҳо.
Конфронс дар доираи Барномаи ҷаҳонии Кунмин–Монреал оид ба гуногунии биологӣ баргузор шуд. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, чунин стратегия то ҳол танҳо дар Қазоқистон қабул шудааст.
Форум бо консерти рамзии “Садоҳои табиат” анҷом ёфт, ки зарурати ҳамоҳангии инсон ва муҳити атрофро ёдрас намуд.
Акс: АИ «Корвон Иттилоот»
