Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 29 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми дуюми байналмилалӣ таҳти унвони «Имкониятҳои туризм ва рекреатсия ҳамчун омили рушди иқтисодии кишвар» баргузор шуд.

Дар кори форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, олимон ва муҳаққиқон аз Русия ва Олмон, инчунин устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Форум ба майдони муҳими баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои стратегии иқтисодиёти Тоҷикистон табдил ёфт.
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки рушди туризми дохилӣ ва байналмилалӣ ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими обрӯи байналмилалии кишвар мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои такмили инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва рушди муассисаҳои рекреатсионӣ — осоишгоҳҳо, санаторӣ ва марказҳои фароғатӣ вобаста ба фасли сол мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки татбиқи стандартҳои муосири хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи меҳмоннавозӣ на танҳо ба афзоиши ҷараёни сайёҳон, балки ба ташаккули модели устувори рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Ҳамкории илмӣ ва амалӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва сохторҳои давлатӣ ҳамчун омили муҳими омӯзиши фарогири имкониятҳои туризм ва рекреатсия арзёбӣ шуд. Дар анҷоми форум иштирокдорон пешниҳоди илмӣ ва амалӣ барои такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои рекреатсионии кишвар ироа намуданд.
Акс: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
