Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябр мулоқоти Вазир Далер Ҷумъа бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо ҷараёни амалишавии лоиҳаҳои муштарак ва дурнамои ҳамкории минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои таъминоти устувори энергетикӣ, рушди энергетикаи «сабз» ва идораи самараноки захираҳои об мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт. Ҳамчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дастгирии ташаббусҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳамияти махсус дода шуд.
Далер Ҷумъа таъкид кард, ки рушди энергетикаи барқароршаванда ва истифодаи оқилонаи захираҳои об барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвар аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин замина, ҳамкории Тоҷикистон бо БРСММ ба татбиқи равишҳо ва технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва об мусоидат менамояд.
Аз навбати худ, Судипто Мукерҷӣ омодагии Барномаи рушди СММ-ро барои идомаи дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои марбут ба баланд бардоштани амнияти энергетикӣ, таҳкими иқтидори соҳавӣ ва пуштибонии стратегияҳои миллӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист изҳор намуд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо иродаи муштараки худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории судманд ба манфиати рушди устувори Тоҷикистон ва боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон таъкид карданд.
Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
