Осиёи Марказӣ имрӯз марҳилаи нави тағйироти демографиро паси сар мекунад, ки даҳсолаҳои наздик рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро дар минтақа муайян хоҳад кард. Тибқи гузориши минтақавии «Насли-2050», ки бо дастгирии ЮНИСЕФ таҳия шудааст, беш аз нисфи аҳолии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон то имрӯз аз 30-сола хурдтаранд.

Ин сохтори синнӣ имконияти нодир барои ба даст овардани «дивиденти демографӣ» фароҳам меорад. Аммо ин имконият танҳо дар ҳолате амалӣ мешавад, ки кишварҳо ба сармоягузории инсон — маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва бозори меҳнат — сармоягузории ҷиддӣ анҷом диҳанд.
Минтақаи ҷавон дар пасманзари пиршавии ҷаҳонӣ
Дар ҳоле ки аксари кишварҳои ҷаҳон босуръат пир мешаванд, Осиёи Марказӣ яке аз ҷавонтарин минтақаҳои Евразия боқӣ мемонад.
— Дар Тоҷикистон синни миёна 22 сол аст,
— дар Қирғизистон — 25,
— дар Узбекистон — 27.
Ҳатто то соли 2050 ин нишондодҳо нисбатан паст мемонанд.
Аҳолии минтақа аз 56 миллион дар соли 2000 ба 84 миллион дар соли 2025 расида, то миёнаи аср ба 112 миллион мерасад. Суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон аз ҳама баланд боқӣ мемонад.
Сармоягузорӣ ба сармояи инсон — шарти асосии рушд
Ба гуфтаи коршиносон, бе ислоҳоти фарогир кишварҳои минтақа ба хатари камбуди кадрҳои соҳибмаълумот, бекорӣ ва афзоиши нобаробарӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Имрӯз, тибқи баҳодиҳии Бонки Ҷаҳонӣ, кӯдакони Осиёи Марказӣ танҳо 50–60% тавонмандии иқтисодии худро дар оянда амалӣ карда метавонанд — сабабаш дастрасии маҳдуд ба маориф, тиб ва ҳифзи иҷтимоист.
Мушкили дигар — муҳоҷирати меҳнатӣ. Миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар хориҷ кор мекунанд, дар ҳоле ки фарзандонашон дар ватан бидуни волидон ба воя мерасанд. Дар солҳои наздик шуморе аз муҳоҷирон ба ватан ба ҳайси нафақахӯр бармегарданд, ки ин ба низоми иҷтимоӣ фишори иловагӣ меорад.
Шаҳрҳо аз рушди инфрасохтор пеш гузаштаанд
То соли 2050 беш аз 60% аҳолии минтақа дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард, аммо имкониятҳои инфрасохтор барои ҷавобгӯ будан ба суръати урбанизатсия кофӣ нест. Ин масъала махсусан дар Душанбе, Тошканд ва Бишкек эҳсос мешавад.
Омилҳои дигар низ вазъиятро душвор мекунанд: камбуди об, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ ва гармии шадид.
Назари коршинос
«Фурсати таърихӣ танг мешавад: Осиёи Марказӣ бояд ҳозир иқдом кунад»
Раҷабов Абдурахим, коршиноси сиёсати демографӣ
«Минтақа имрӯз дар остонаи як имконияти нодири таърихӣ қарор дорад — «равзанаи демографӣ». Аммо чунин равзвнаҳо дер намемонанд. Агар кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз ба сармояи инсон сармоя нагузоранд, пас баъди чанд сол мо бо хатарҳои ҷиддӣ — бекорӣ, танқиси кадрҳои соҳибмаълумот ва афзоиши нобаробарӣ рӯ ба рӯ мешавем».
Чолишҳои асосӣ равшананд:
- тафовути ҷиддӣ миёни маорифи шаҳр ва деҳот;
- ақибмонии низоми тандурустӣ;
- набудани ҷойҳои корӣ барои ҷавонон;
- таъсири манфии муҳоҷират ба оилаҳо;
- фишори иқлим ба инфрасохтор.
Кишварҳои минтақа бояд сиёсати нав — сиёсати сармоягузорӣ ба инсон — роҳандозӣ кунанд: аз рушди бармаҳали кӯдакон то эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар бахшҳои технологияҳои баланд.
Мо ҳамагӣ 10–15 сол вақт дорем. Баъд аз ин аҳолии синнашон баланд зиёд мешавад ва тирезаи имкониятҳо баста мешавад».
Сармоягузорӣ барои фардо
Коршиносон таъкид мекунанд, ки ду се ҳиссаи рушди иқтисодии ояндаи минтақа маҳз ба сифати сармояи инсон вобаста аст. Аз ин рӯ, кишварҳо бояд:
- маорифро модернизатсия кунанд;
- дастрасӣ ба тибро беҳтар созанд;
- ҳифзи иҷтимоии оилаҳоро густариш диҳанд;
- барномаҳои омӯзиш ва шуғли ҷавононро фаъол намоянд;
- муҳити шаҳрии устувор ва «сабз»-ро таъмин кунанд.
Агар ин тадбирҳо анҷом дода шаванд, Осиёи Марказӣ метавонад аз неруи асосии худ — насли ҷавон — ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодии асри XXI истифода барад.
АКС: Телеграмм канали Рустами Эмомалӣ
