Москва, 02 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири кишоварзии ҶҚ Айдарбек Сапаров бо вазири кишоварзӣ, обёрӣ ва чорводории Афғонистон Мавлави Атаулло Омари мулоқот намуд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 гардиши мол байни кишварҳо 269 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 252,8 миллион доллар ба содироти Қазоқистон рост меояд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати Кишоварзии ҶҚ.

Дар сохтори содирот орд, гандум, равғани растанӣ, сабзавот ва зироатҳои лӯбиёгӣ, тухми зағир, биринҷ ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар бозори Афғонистон талаботи устувор доранд, пешсафанд.
Айдарбек Сапаров омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи шарикӣ, васеъ намудани номгӯи маҳсулоти интиқолёфта ва табодули таҷриба дар соҳаи рушди кишоварзӣ изҳор дошт. Ҷониби Афғонистон манфиатдории худро ба афзоиши интиқоли молҳои озуқаворӣ аз Қазоқистон ва пешбурди ташаббусҳои муштарак оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ қайд намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки кори системавиро оид ба васеъ намудани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва пешбурди самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи аграрӣ идома диҳанд. Мулоқот дар ҷараёни сафари кории ҳайати Қазоқистон ба Маскав баргузор шуд.
Сурат: ВК ҶҚ
