Душанбе, 08 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». 5 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироджиддин Муҳриддин дар чорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена бо Дабири кулли созмон Феридун Синирлиоғлу мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои асосии рушди ҳамкориро дар доираи се ченаки фаъолияти САҲА баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими амният, мусоидат ба рушди устувор, амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи экология, захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки кор бо ин созмони бонуфуз барои тақвияти суботи минтақавӣ аҳамияти хос дорад.
Дар ҷараёни гуфтугӯ вазъияти Афғонистон бахши ҷудонашавандаи мубодилаи назарҳо буд. Ҷонибҳо таҳдидҳои эҳтимолӣ, тамоюлҳои амниятӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкориро барои муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки субот дар Афғонистон барои амнияти тамоми Осиёи Марказӣ зарур мебошад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои мубориза бо терроризм, дипломатияи об, чораҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои инсондӯстона изҳор доштанд. Таъкид шуд, ки САҲА яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон дар масоили амниятӣ ва рушди диалоги минтақавӣ мебошад.
Мулоқот дар фазои созанда баргузор шуда, сатҳи баланди эътимоди мутақобиларо миёни Тоҷикистон ва САҲА бозгӯ кард.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
