Хайрхоҳӣ шараф аст: ҷавонон барои ҷомеаи солим волонтёр мешаванд – ИА Караван Инфо
Хайрхоҳӣ шараф аст: ҷавонон барои ҷомеаи солим волонтёр мешаванд

Душанбе, 08 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Турсунзода бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамоиши ноҳиявии волонтёрон таҳти унвони «Хайрхоҳӣ шараф аст, биёед волонтёр мешавем» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон — 5 декабр, дар доираи барқияномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир шуд.

Ҳамоишро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода, Абдуллозода Ҳабибулло, ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро хайрумақдам гуфт. Ӯ таъкид дошт, ки волонтёрӣ на танҳо фаъолияти хайрхоҳона аст, балки мактаби бузурги далериву шуҷоат, тавоноӣ, ҳушёриву доноӣ ва тарбияи рӯҳияи солим ба шумор меравад. Волонтёрӣ барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсияти наврасон ва ҷавонон ва рушди ҳисси масъулиятшиносии онҳо мусоидат мекунад.

«Волонтёр он шахсе мебошад, ки дили гарм дорад, нияти нек дорад ва ташаббусҳои нав ва идеяҳои созанда пешниҳод мекунад», — афзуд Абдуллозода Ҳабибулло.

Дар фарҷоми ҳамоиш табодули андеша ва муҳокимаи фаъолиятҳои гуногуни волонтёрон баргузор гардид. Ба волонтёрони фаъол ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии кор бо ҷавонон ва варзиш дар муассисаҳои таълимӣ сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ин иқдоми хайрхоҳона на танҳо ташаккули маънавии ҷавононро фароҳам меорад, балки барои рушду таҳкими ҷомеаи солим ва афзоиши ҳамдигарфаҳмӣ байни онҳо аҳамияти калон дорад.

Ҳамоиши волонтёрон собит кард, ки ин навъи фаъолият на танҳо имконияти ёрӣ ба ҷомеа мебошад, балки роҳи тарбияи масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва муҳаббати воқеӣ ба ҷомеа барои ҷавонон аст. Бо чунин ташаббусҳо ҷавонон қадамҳои устувор ба сӯи ҷомеаи солим ва созанда мегузоранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: