Душанбе, 10 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсӣ (ДДҲБСТ) ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мегардад, ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Чорабинӣ рӯзи 8 декабри соли 2025 бо ташаббуси Клиникаи ҳуқуқии факултети ҳуқуқшиносӣ дар маҷлисгоҳи бинои №2 баргузор гардида, устодону омӯзгорон, кормандони сохторҳои ҳуқуқӣ ва доираи васеи донишҷӯён дар он иштирок доштанд.

Ҳамоишро Кенҷазода Ш.Ю., номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент ва декани факултети ҳуқуқшиносӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон табрик кард. Дар суханронии худ ӯ таъкид намуд, ки омӯзиши ҳуқуқ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас яке аз омилҳои асосии таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Сипас, Ҳомидова Ҳ.Н., роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд, дар мавзӯи «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯза намуд. Ӯ ба механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ, ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон ва фаъолияти ҳамешагии Ваколатдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии поймолшавии ҳуқуқҳои инсон ишора кард.
Дар идома, Санавварзода Ғ.Б., доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент ва мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои байналмилалӣ» баромад намуд. Ӯ ба масъалаҳои мураккабшавии чолишҳои ҳуқуқӣ дар ҷаҳони муосир, афзоиши вобастагии ҳуқуқҳои инсон аз равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ ишора карда, зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқро таъкид намуд.
Ҳомидова М.Ф., номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент ва мудири Клиникаи ҳуқуқии донишгоҳ, дар гузориши худ дар бораи дастовардҳо, барномаҳои амалкунанда ва саҳми клиника дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳарф зад. Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯён дар доираи фаъолияти клиника бо муроҷиатҳои воқеии шаҳрвандон кор мекунанд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд ва бо ин роҳ малакаҳои касбии худро такмил медиҳанд.

Дар қисми ҷамъбастии ҳамоиш ғолибони Озмуни “Беҳтарин донандаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд баргузор гардида буд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Озмун ҳадафи баланд бардоштани дониши ҷавонон дар бораи санади асосии байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон — Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дошт.
Ҳамоиши мазкур на танҳо минбари мубодилаи афкор ва муаррифии таҳқиқоти илмӣ гардид, балки фурсати хубе барои тарғибу ташвиқи арзишҳои ҳуқуқи инсон дар миёни ҷавонон ва мутахассисони оянда ба ҳисоб меравад.
АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд
