Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ИА Караван Инфо
Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Душанбе, 12 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». 10 декабр дар саҳни бинои Маркази ҲХДТ ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиш кормандони дастгоҳи марказии Кумита, дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва аъзои ТҶ «Пайравони Пешвои миллат» иштирок доштанд. 

Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсӣ бо такя ба арзишҳои миллӣ, дастгирии сиёсати давлатии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи ҷавонон тавонист дар рушди устувори ҷомеа, таҳкими ваҳдат ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ нақши муассир гузорад. 

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон» ва аъзоёни ТҶ “Пайравони Пешвои миллат” дар якҷоягӣ барномаи фарҳангии ҷолиб пешниҳод гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор фаъолони Кумита ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо медал ва сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. 

Лозим ба зикр аст, ки дар доираи ҳамоиш 40 нафар аъзоёни фаъоли ТҶ «Пайравони Пешвои миллат» ба сафи ҳизб пайвастанд.

Ҳамзамон, кормандони Кумита, Иттифоқ ва аъзоёни ТҶ “Пайравон Пешвои миллат” аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуданд.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

error: