Душанбе, 17 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». 16 декабр дар шаҳри Душанбе конфронси «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» баргузор гардид, ки ба муносибати қабули қатъномаи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» доир шуд. Ин чорабинӣ бозгӯи аҳамияти рӯзафзуни масъалаҳои иқлим дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гардид.

Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар конфронс намояндагони шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат, инчунин ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷайҳун иштирок намуданд.
Ташаббуси баргузории конфронс аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази экологии ҷавонон» бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардид. Ин ҳамкорӣ нишон медиҳад, ки ҳалли мушкилоти иқлимӣ танҳо бо қарорҳои давлатӣ маҳдуд намешавад ва иштироки фаъоли ҷомеа, бахусус ҷавонон, аҳамияти калидӣ дорад.
Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти глобалии замони муосир буда, тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳамияти махсус дорад, зеро кишвар ба обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои обӣ ва офатҳои табиӣ бештар осебпазир аст.
Иштирокчиён зикр карданд, ки тағйирёбии иқлим ба тамоми бахшҳои ҳаёти инсон — кишоварзӣ, тандурустӣ, олами набототу ҳайвонот ва амнияти иҷтимоӣ таъсири мустақим мерасонад. Ин равандҳо хатарҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро низ ба миён меоранд.
Дар чунин шароит нақши ҷавонон махсус таъкид карда шуд. Онҳо метавонанд бо истифода аз технологияҳои муосир, абзорҳои рақамӣ ва усулҳои нави иртибот ба ҳадафҳои экологӣ ноил гарданд ва сатҳи маърифати экологии ҷомеаро баланд бардоранд.
Ёдовар мешавем, ки 12 декабр дар шаҳри Найробии Кения, зимни иҷлосияи ҳафтуми Ассамблеяи ЮНЕП, қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул гардид. Ин санад бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.
Қабули ин қатънома мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъоли рӯзномаи ҷаҳонии иқлим, бахусус дар самти ҳифзи пиряхҳо, боз ҳам тақвият бахшид.

Конфронси «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» на танҳо як чорабинии иттилоотӣ, балки саҳми муҳим дар ташаккули шуури экологии насли ҷавон гардид. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки маҳз имрӯз заминаи оянда гузошта мешавад — ояндае, ки дар он ҷавонон бояд қарорҳои масъулона дар шароити тағйирёбии иқлим қабул намоянд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
