Душанбе, 16 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Шаби 14 ба 15 декабр варзишгарони тоҷик, ки аз 7 то 14 декабр дар V Бозиҳои параосиёии ҷавонон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок доштанд, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан баргаштанд. Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо 4 медал — 1 тилло ва 3 нуқра ба даст овард, хабар медиҳад АИ «Корвон Иттилоот» бо истинод ба Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгаронро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон бо самимият истиқбол гирифтанд.
Зимни маросими истиқбол роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпӣ таъкид намуд, ки ин дастовардҳо аҳамияти махсус барои рушди варзиши паралимпӣ дар кишвар дошта, барои ҷавонон намунаи ибрат мебошанд.
Дар нимаи дуюми рӯз ба ифтихори баромади муваффақи варзишгарони тоҷик ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти сохторҳои соҳавии варзиш ва худи варзишгарон баргузор гардид.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки чунин дастовардҳо ба боло бурдани нуфузи байналмилалии варзишии Тоҷикистон, парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва рушди минбаъдаи ҳаракати паралимпӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон ба рушди ҳамаи намудҳои варзиш, аз ҷумла варзиши мутобиқшуда ва паралимпӣ, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Инчунин гуфта шуд, ки иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ на танҳо барои ба даст овардани медалҳо, балки барои баланд бардоштани мақоми варзиши паралимпӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони имконияташон маҳдуд ба тарзи ҳаёти фаъол ва машғул шудан ба варзиш аҳамияти муҳим дорад.
Медали тилло дар вазни 65 кг дар намуди вазнбардорӣ насиби Аҳмад Фатҳиддин гардид. Ӯ бо бардоштани 135 кг на танҳо ҷои аввалро соҳиб шуд, балки рекорди ҷаҳон гузошта, ин дастовардро ба саҳифаҳои таърихи варзиши паралимпии Тоҷикистон ворид намуд.
Медали нуқра дар вазни 49 кг ба Мизробиддин Олимов насиб гашт.
Ду медали дигари нуқраро дар мусобиқаи дастхобонӣ (армрестлинг) Ҳаитҷон Ҳусайнов ба даст овард. Ӯ дар вазни мутлақ бо дасти чап ва рост миёни намояндагони 10 давлат мақоми дуюмро ишғол намуд.
Зимни чорабиниҳо роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпӣ ва варзишгарон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки иштироки ҳайати Тоҷикистон дар V Бозиҳои параосиёии ҷавонон бо дастгирии пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин бо мусоидати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон таъмин гардид.
Дар ҳамин рӯз барои натиҷаҳои баланди варзишӣ варзишгарони ҷавон ва мураббиёни онҳо қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон
