Душанбе, 19 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» оғоз мегардад. Чунин дастур дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дода шуд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди он ки зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии мамлакатро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд, то имрӯз дар ҷумҳурӣ қонуни махсуси соҳавӣ дар самти бостоншиносӣ мавҷуд нест. Ба андешаи Пешвои миллат, қабули чунин қонун метавонад далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гардад.
Мероси таърихию фарҳангӣ барои миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун шиносномаи миллат ва омили таҳкими нуфузи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Ҳифз ва эҳёи он дар пойдории забон, давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ нақши калидӣ дорад.
Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода зикр кард, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат мероси таърихию бостонӣ ба яке аз сутунҳои асосии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ табдил ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон тавонист даҳҳо ёдгории таърихию фарҳангиро ҳифз ва эҳё намуда, нодиртарин намунаҳои онҳоро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намояд, ки ин дастоварди муҳим дар муаррифии тамаддуни тоҷикон ба шумор меравад.
Дар ҳамин замина таъкид гардид, ки имрӯз зарур аст олимон ва пажӯҳишгарони соҳаи таърих ва бостоншиносӣ таҳқиқоти амиқтар анҷом дода, натиҷаҳои илмиро ба ҷомеа ва сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
Шералӣ Хоҷазода ҳамчунин ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, ҳамкории олимони ватанию хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони касбии миллӣ-ро аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа номид.
Ба гуфтаи ӯ, таъсиси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон далели таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба масъалаи ҳифзи мероси миллӣ ва супоридани он ба наслҳои оянда мебошад.
Дар солҳои Истиқлол тавассути маблағҳои буҷетӣ зиёда аз 120 ёдгории бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ эҳё, даҳҳо ёдгории дигар тармим ва маҳфузмонӣ гардидаанд. Дар ин раванд технологияҳои муосири тармиму барқарорсозӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ин таҷриба дар тармими Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Муҳаммад Башоро, қалъаҳои Муъминобод, Балҷувон ва Қасри Ҳулбук натиҷаҳои назаррас ба бор овард.
Дар натиҷаи сиёсати пайгиронаи давлат марказҳои муҳими таърихию фарҳангӣ дар Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҳисор, Бохтар, Ҳулбук, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, Кӯлоб ва Хоруғ эҳё ва барқарор гардиданд.
Ин иқдомҳо бори дигар собит месозанд, ки тоҷикон дар ҳама давру замон миллати созанда, бунёдкор ва ҳомии арзишҳои тамаддунӣ мебошанд.
Коллаж: «АМИТ «ХОВАР»
