Душанбе, 23 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Футболи Тоҷикистон ба як дастоварди муҳими байналмилалӣ ноил гардид. Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов ба зинаи шашуми феҳристи дарвозабонҳои гаронарзиши Осиё баромад ва ҷойгоҳи худро дар миёни элитаи футболи қора мустаҳкам намуд. Дар шароите, ки бозори дарвозабонҳои Осиёро анъанавӣ намояндагони Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Шарқи Наздик ишғол мекунанд, ворид шудани дарвозабони тоҷик ба даҳгонаи беҳтарин аҳамияти хоса дорад.

Дар айни замон арзиши бозории Рустам Ятимов 1,80 миллион евро-ро ташкил медиҳад, ки рекорди мутлақ барои футболбозони Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар муддати охир арзиши ӯ 300 ҳазор евро афзоиш ёфта, ӯ аз рӯи нарх дарвозабони индонезӣ Мартен Паес ва австралиягӣ Ҷо Гаучиро пеш гузашт.
Илова бар ин, Ятимов боз ҳам ягона пешсафи минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯи арзиши бозорӣ миёни дарвозабонҳо мебошад. Барои муқоиса, дарвозабони Ӯзбекистон Абдулвохид Нематов 1,5 миллион евро арзёбӣ мешавад. Ба андешаи коршиносон, аллакай баҳори наздик Рустам Ятимов метавонад аз рӯи арзиш дарвозабони маъруфи Австралия Мэтью Райанро низ пушти сар намояд.
Қисмати болоии рейтинг бартарии мутлақи мактаби дарвозабонии Ҷопон-ро нишон медиҳад. Пешсафи феҳрист Дзион Судзуки аз клуби итолиёвии «Парма» мебошад, ки арзиши бозории ӯ ба 20 миллион евро мерасад — нишондиҳандае, ки барои аксари лигаҳои Осиё дастнорас аст. Дар ҷойҳои баъдӣ ҳамватанони ӯ қарор доранд: Лео Кокубо аз «Сент-Трюйден» (4,0 млн евро) ва Йохей Такаока аз «Ванкувер» (3,5 млн евро).
Ба панҷгонаи беҳтарин инчунин Эмиль Аудеро аз Индонезия, бозигари «Кремонезе» (3,2 млн евро), ҳамчунин Кейсуке Осако аз «Санфречче Хиросима» ва австралиягӣ Мэтью Райан аз «Леванте» дохил мешаванд, ки ҳарду 2 миллион евро арзёбӣ мегарданд.
Зинаи шашум ба Рустам Ятимов, дарвозабони «Ростов» (1,8 млн евро), тааллуқ дорад. Ӯ аз чунин дарвозабонҳо пеш аст: Абдулвохид Нематов («Насаф»), ҷопониҳо Косей Тани («Матида») ва Томоки Хаякава («Касима»), индонезӣ Мартен Паес («Даллас») — ҳама бо арзиши 1,5 млн евро, инчунин австралиягӣ Ҷо Гаучи («Порт Вейл») — 1,4 млн евро. Баъдан ҷопонӣ Риесуке Кожима («Касива») — 1,2 млн евро, ҷопонӣ Брендон Нозава («Антверпен») ва кореягии ҷанубӣ Бум-Кун Сонг («Чонбук Хендэ Моторс») — ҳар кадом 1 млн евро қарор доранд.
Ин рейтинг нишон медиҳад, ки рақобат миёни дарвозабонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) то чӣ андоза зич аст. Аз ҷои ҳаштум то ҳаждаҳум фарқияти арзишӣ ҳадди ақалро ташкил медиҳад — аз 1,50 то 0,85 миллион евро. Дар ин гурӯҳ дарвозабонҳое ҳастанд, ки мунтазам дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК ва чемпионатҳои сатҳи баланд баромад мекунанд.
Барои футболи Тоҷикистон муваффақияти Рустам Ятимов на танҳо дастоварди инфиродӣ, балки нишонаи болоравии сатҳи рақобатпазирии кишвар дар арсаи футболи Осиё мебошад.
Рустам Ятимов
АКС: ФК «Ростов»
