Осиёи Марказӣ – Ҷопон: оё «Кишвари тулӯи офтоб» ба нуфуз дар минтақа довталаб аст? – ИА Караван Инфо
Осиёи Марказӣ – Ҷопон: оё «Кишвари тулӯи офтоб» ба нуфуз дар минтақа довталаб аст?

Ҷопон равобити худро бо Осиёи Марказӣ ба сатҳи олӣ мебарорад ва омода аст ба минтақа миллиардҳо маблағ сармоягузорӣ намояд.

Акс: Kyodo/picture alliance, Саммити «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» дар Токио

20 декабр дар Токио нахустин саммити «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» ба анҷом расид. Дар натиҷаи мулоқоти дурӯза дар сатҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо Эъломияи Токио қабул гардид, ки дар он се самти афзалиятноки ҳамкорӣ муайян шудааст: экология ва устуворӣ, иртиботот, инчунин рушди захираҳои инсонӣ.

Илова бар ин, Ҷопон ният дорад дар давоми панҷ сол дар минтақа лоиҳаҳои тиҷоратиро ба маблағи 3 триллион йен (тақрибан 16,5 миллиард евро ё 20 миллиард доллар) амалӣ намояд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки Токио беш аз 30 сол аст, ки дар минтақа сиёсати «қудрати нарм»-ро пеш мебарад ва аз абзорҳои гуманитарӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ истифода мекунад. Бо вуҷуди ин, баргузории мулоқоти сатҳи олӣ аз гардиши стратегии нав дарак медиҳад: Ҷопон талош дорад ҳузури худро дар Осиёи Марказӣ тақвият бахшад ва ба ҳамкории фарогиртар гузарад.

Савол дар он аст, ки оё Ҷопон метавонад ҷойгоҳи худро дар миёни бозигарони бузурги минтақа ишғол кунад, дар кадом соҳаҳо рақобатпазиртар аст ва манфиатҳои кишварҳои гуногун дар куҷо метавонанд ба ҳам бархӯранд. Назари коршиносон дар ин бора — дар маводи Deutsche Welle.

Дипломатияи Роҳи Абрешим

Ба андеша профессори равобити байналмилалӣ, директори Барномаи махсуси омӯзиши Ҷопон ва Авруосиё (SPJES)-и Донишгоҳи Цукуба Тимур Дадабаев, аҳамияти стратегии саммит пеш аз ҳама хусусияти институтсионалӣ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Ҷопон дар ин самт таърихан пешсаф буд: маҳз Токио яке аз аввалин кишварҳо дар ҷаҳон истилоҳи «дипломатияи Роҳи Абрешим»-ро истифода кард ва формати «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» ҳанӯз соли 2004 роҳандозӣ шуда буд.

Тимур Дадабаев. Акс: privat

Ба назари ӯ, саммити баргузоршуда на танҳо ин форматро ба сатҳи раҳбарон мебардорад, балки онро аз як механизми устувор ва нисбатан ороми дипломатӣ ба як чаҳорчӯби комили стратегӣ табдил медиҳад.

Барои Осиёи Марказӣ ин маънои васеъ шудани имконоти манёвр ва тақвияти бисёрсамтӣ, ва барои Ҷопон — роҳи мустаҳкам сохтани ҳузури дарозмуддат дар минтақа бо таваҷҷуҳ ба занҷираҳои устувори таъминот, гузариши энергетикӣ, захираҳои муҳим ва сармояи инсонӣ мебошад. Илова бар ин, дар минтақа Ҷопон ҳамчун шарики пешгӯишаванда ва ба натиҷаи амалӣ нигаронидашуда пазируфта мешавад.

«Қудрати нарм»-и ҷопонӣ

Ҳамаи панҷ кишвари минтақа сиёсати Ҷопонро мусбат қабул мекунанд ва Токиоро шарики боэътимод мешуморанд, мегӯяд коршиноси амнияти минтақавӣ аз Қирғизистон Марс Сариев. Ӯ бо мисоли Қирғизистон таъкид мекунад, ки Ҷопон солҳои зиёд аст, ки дар кишвар сиёсати «қудрати нарм»-ро пайваста ва самаранок татбиқ менамояд.

«Волонтёрони ҷопонӣ сатҳи баланди мутобиқшавии фарҳангиро нишон медиҳанд — дар муддати кӯтоҳ забони қирғизӣ, суннатҳо ва ҳатто асбобҳои миллии мусиқиро меомӯзанд. Ин ба ҷомеаи қирғиз таъсири амиқ мерасонад ва муносибати устувори мусбатро нисбат ба Ҷопон ташаккул медиҳад. Дар Қирғизистон қариб ки рӯҳияи зиддиҷопонӣ вуҷуд надорад; баръакс, афкори умум ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ нигаронида шудааст», — мефаҳмонад Сариев.

Тимур Дадабаев низ қайд мекунад, ки «қудрати нарм»-и Ҷопон дар Осиёи Марказӣ на ба фишори идеологӣ, балки ба сармоягузориҳои дарозмуддат ба инсон, дониш ва таҷрибаҳои институтсионалӣ асос меёбад. Ба гуфтаи ӯ, унсурҳои калидӣ — рушди сармояи инсонӣ, барномаҳои маорифӣ ва идоракунӣ, стандартҳои технологӣ ва обрӯи сифат мебошанд.

Чаро Ҷопон ҳузури худро дар Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад

Чаро маҳз ҳоло Ҷопон фаъолияташро дар минтақа афзоиш дода, ҳамкориро ба сатҳи раҳбарони давлатҳо мебарорад? Ба гуфтаи коршинос аз Тоҷикистон, таҳлилгари рушди байналмилалӣ Собир Курбанов, тағйироти геополитикӣ ва геоиқтисодие, ки бо ҷанги Русия алайҳи Украина марбутанд, нақши Осиёи Марказиро тақвият бахшиданд.

Ба гуфтаи ӯ, Токио бо дарки аҳамияти стратегии, захиравӣ ва нақлиётии минтақа ва бо истифода аз формати аллакай шаклгирифтаи дипломатӣ, ҳамкориро ба сатҳи амалӣ мебарорад. Курбанов бар ин назар аст, ки дастрасӣ ба металлҳои нодири замин барои Ҷопон аҳамияти махсус дорад.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ва Санаэ Такаити. Акс: Pool for Yomiuri/AP Photo/picture alliance

Ҳамсуҳбати DW инчунин ишора мекунад, ки чунин равишро дигар тарафҳо низ пеш мегиранд — аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ки саммитро дар Самарқанд баргузор кард, ва ИМА, ки манфиати худро ба формати «Осиёи Марказӣ + як давлат» таъйид намуд.

Рақобат барои минтақа

Дар ин замина, пеши Ҷопон вазифаи душвор меистад, зеро дар қатори шарикони стратегии минтақа Русия, Чин, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА қарор доранд. Ба андешаи профессори равобити байналмилалӣ Тимур Дадабаев, тақвияти нақши Ҷопон дигар бозигаронро канор намезанад, балки ба минтақа абзорҳои иловагии музокирот медиҳад.

Ғайр аз ин, Ҷопон дар ҳамбастагӣ бо Иттиҳоди Аврупо амал мекунад: шарикии онҳо, аз ҷумла ҳамкорӣ дар кишварҳои сеюм, барои лоиҳаҳои мукаммалкунанда дар Осиёи Марказӣ имконият фароҳам меорад — пеш аз ҳама дар соҳаи инфрасохтори устувори нақлиёт, энергетикаи «сабз», стандартҳои идоракунӣ ва танзим.

Барои Чин ин маънои афзоиши рақобат дар бахшҳои технологӣ ва инфрасохториро дорад, барои Русия — заъиф шудани минбаъдаи монополияи институтсионалӣ, ва барои Иттиҳоди Аврупо — тақвияти ҳузур тавассути шарики наздик аз лиҳози равишҳо.

Собир Курбанов низ мувофиқ аст, ки Ҷопон ҳадаф надорад аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ ва миқёси ҳузур аз қудратҳои бузург пеш гузарад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, Токио як бартарии муҳиме дорад — сифати сармоягузорӣ, ки, масалан, дар мавриди Пекин камтар мушоҳида мешавад.

«Сармоягузориҳои ҷопонӣ бо сатҳи баланди мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ меоянд — идоракунии корпоративӣ, комплаенс, ахлоқи тиҷорат, сатҳи шаффофият ва риояи меъёрҳои экологӣ ва иҷтимоӣ», — мегӯяд таҳлилгар.

Ба гуфтаи ӯ, сармоягузорони чинӣ аксаран ин масъалаҳоро нодида мегиранд ва дар Қазоқистон, Қирғизистон ва то ҳадде камтар дар Тоҷикистон шикояту мушкилот аз ҷониби ҷомеаҳо вуҷуд дорад.

Ба андешаи Курбанов, Токио намехоҳад бо дигар сармоягузорон рақобати рӯ ба рӯ кунад, балки ба нишаҳои худ такя мекунад. Ҳамсуҳбати DW бар ин назар аст, ки танишҳои геополитикӣ миёни Чин ва Ҷопон ба минтақа таъсири ҷиддӣ нахоҳанд расонд, зеро раҳбарони Осиёи Марказӣ равиши прагматикӣ доранд ва сиёсати бисёрсамта имкон медиҳад, ки дарки рақобат мулоим ва ихтилофҳои эҳтимолии нуфуз идора шаванд.

Ҷопон ҳамчун брокери сармоягузорӣ

Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, имрӯз барои Осиёи Марказӣ муҳим аст, ки монеаҳои ҳамгироии дохилиро бартараф намуда, бозори воҳиди минтақавиро бо марзҳои кушода, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва гиреҳҳои логистикӣ ташаккул диҳад.

Ба андешаи ӯ, минтақа то ҳол нисбатан пароканда боқӣ мемонад: баъзе кишварҳо узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд, дигарон — узви Созмони ҷаҳонии савдо, ва бархе, мисли Туркманистон, мавқеи бетарафро пеш гирифта, камтар ҳамгиро мешаванд.

«Ҳар қадар ҳамгироии дохилӣ қавитар бошад, ҳамон қадар имкониятҳои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Токио, бештар мегарданд», — мефаҳмонад Курбанов.

Илова бар ин, ӯ таъкид мекунад, ки Ҷопон на танҳо як бозигари мустақил, балки метавонад ба миёнрави стратегии пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубу Шарқӣ табдил ёбад.

Азбаски робитаҳои мустақим миёни ин минтақаҳо ҳанӯз заифанд, Токио метавонад ҳамчун брокери сиёсӣ ва сармоягузорӣ баромад кунад, ки сатҳи эътимодро боло бурда, сармояҳоро аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷалб намояд, бар ин назар аст Курбанов. Бо вуҷуди ин, дар саммит то ҳол бештар формати дуҷонибаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муаллиф: профессори равобити байналмилалӣ, директори Барномаи махсуси омӯзиши Ҷопон ва Авруосиё (SPJES)-и Донишгоҳи Цукуба Тимур Дадабаев

error: