Душанбе, 25 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти муҳими кадрӣ ба амал омад, ки ба самти калидии иртибототи хориҷӣ дахл дорад. Ба вазифаи сардори департаменти иттилоот ва матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон Сухроб Нуралӣ таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Шоҳин Самадиро иваз намуд, ки дар чанд соли охир роҳбарии ин департаментро бар уҳда дошт.

Тибқи иттилоъ, Шоҳин Самадӣ фаъолияти худро дар сатҳи байналмилалӣ идома дода, ба вазифаи муовини дабири кулли Котиботи формати «Осиёи Марказӣ — Чин» таъин гардид. Ин формат моҳи майи соли ҷорӣ таъсис ёфта, ба густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳои минтақа бо Ҷумҳурии Мардумии Чин равона шудааст. Таъиноти Самадӣ нахустин намояндагии Тоҷикистон дар сохтори мазкур ба шумор меравад.
Сардори нави департаменти иттилоот ва матбуоти ВКХ — Сухроб Нуралӣ — таҷрибаи назарраси дипломатӣ дорад. Ӯ қаблан намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ОЭС) дар шаҳри Теҳрон буд. Сухроб Нуралӣ хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон буда, ҳамчунин дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Белгия ва Федератсияи Россия фаъолият кардааст, ки ин ба ӯ дониши амиқи дипломатияи дуҷониба ва бисёрҷонибаро фароҳам овардааст.
Шоҳин Самадӣ дар тӯли фаъолияти худ дар ВКХ ҳамчун яке аз сухангӯёни боз ва дастрас барои ҷомеаи журналистӣ шинохта мешуд. Ӯ факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, Академияи дипломатии ВКХ Россия ва Академияи хизмати давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Дар солҳои гуногун Самадӣ дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Москва ва Минск, инчунин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай фаъолият кардааст.
Ба андешаи коршиносон, ин тағйироти кадрӣ талоши дипломатияи тоҷикро барои таҳкими сиёсати иттилоотӣ, баланд бардоштани самаранокии муоширати хориҷӣ ва иштироки фаъол дар форматҳо ва механизмҳои нави ҳамкории минтақавӣ бозгӯ мекунад.
Коллаж: АИ «Корвон Иттилоот»
