Душанбе, 25 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар деҳаи Тангаи шаҳри Ваҳдат, дар наздикии Душанбе, ҷашни суннатии Шаби Ялдо (Шаби Чилла) баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ сокинони маҳаллӣ, аҳли фарҳанг ва ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, иштирок намуданд.

Ташкилкунандаи ҷашн шаҳрванди эронӣ Шаҳобиддин Фаррухёр мебошад, ки ҳамасола ин иди бостониро дар ҳамбастагӣ бо сокинони деҳа таҷлил намуда, онро ба рамзи нигоҳ доштани суннатҳо ва идомаи ҷашнҳои муштарак табдил медиҳад.
Барномаи ҷашнӣ аз қироати ашъор, сурудхонӣ, рақсу бозӣ, пешниҳоди таомҳои суннатӣ, инчунин супоридани туҳфаҳо ба кӯдакон иборат буд. Мазмуни асосии Шаби Ялдо — пирӯзии нур бар торикӣ, умед бар нигаронӣ ва навшавӣ бар гузаштаи фарсуда — дар ҳар як бахши чорабинӣ эҳсос мешуд.


Шаби Ялдо ҳамасола шаби 21 ба 22 декабр таҷлил мегардад ва дарозтарин шаби сол ба шумор меравад. Пас аз он рӯзҳо дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Барои мардумони ҳавзаи фарҳанги иронӣ ин ҷашн дорои аҳамияти маънавӣ ва фалсафӣ мебошад.
Иштирокчиёни чорабинӣ таъкид намуданд, ки чунин ҷашнҳо ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, интиқоли суннатҳо ба насли ҷавон ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни халқҳо мусоидат мекунанд.
АКС: Азия Плюс
