Душанбе, 02 январ, 2026 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии инсонмеҳвар ва некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакон ва ҷавононеро, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» таҳти муолиҷа қарор доранд, аёдат намуданд.

Ин боздид бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои дахлдор анҷом дода шуда, ташаббуси хайриявӣ бо ибтикори раиси Кумита ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Чорабинӣ ба муносибати рӯзҳои идонаи Соли нав баргузор шуда, ба он мазмуни махсуси маънавӣ бахшид.
Зимни боздид ба кӯдакон ва ҷавонони бемор туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд. Ин иқдом на танҳо боиси хушҳолии беморон гардид, балки ҳамчун нишонаи ғамхорӣ, таваҷҷуҳ ва ҳамдардии давлату ҷомеа нисбат ба шаҳрвандони ниёзманд арзёбӣ мешавад. Барои беморон ва наздикони онҳо чунин дастгирӣ нақши муҳим дар боло бурдани рӯҳия ва эътимод ба оянда мебозад.

Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус кӯдакон ва ҷавонони гирифтори бемориҳои вазнин, яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин замина давлат талош менамояд на танҳо шароити зарурии табобатро фароҳам созад, балки тавассути иқдомҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ муҳити дастгирӣ ва умедро низ тақвият бахшад.
Мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ бар он назаранд, ки чунин ташаббусҳо дар ташаккули фарҳанги инсондӯстӣ, ҳамраъйӣ ва масъулияти иҷтимоӣ, хусусан дар байни ҷавонон, нақши муҳим доранд. Ҷалби созмонҳои ҷавонон ба корҳои хайриявӣ ба тарбияи насли фаъолу ғамхор мусоидат мекунад.


Намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз доштанд, ки чунин иқдомҳои хайриявӣ минбаъд низ идома ёфта, ба гурӯҳҳои гуногуни ниёзманд равона карда мешаванд. Ин раванд бозгӯи содиқ будани давлат ба арзишҳои иҷтимоӣ ва сиёсати ҳифзи манфиатҳои инсон мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
