Душанбе, 05 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таҳияи пешакии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи «Сохтмон ва ба истифода додани маркази нақлиётӣ-логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотехобод» — «Ойбек» оғоз ёфтанд. Ин лоиҳа бо ҳамкории Бонки авруосиёии рушд (БАР), Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ (ШДХ)» амалӣ мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти БАР хабар доданд, таҳияи ТЭО дар доираи Фонди кумаки техникии бонк анҷом дода шуда, заминаи он Созишномаи сегонаи кумаки техникӣ мебошад, ки моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Ин санад байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази татбиқи лоиҳаҳои ШДХ назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонки авруосиёии рушд ба тасвиб расид.
Созишнома ба оғози як раванди фарогир замина гузошт, ки на танҳо таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро, балки тақвияти иқтидори касбӣ дар самти арзёбии самаранокии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар шакли шарикии давлат ва бахши хусусиро низ дар бар мегирад. Барои Тоҷикистон ин нахустин таҷрибаи татбиқи чунин лоиҳаи логистикӣ дар доираи ШДХ маҳсуб меёбад.
Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода таъкид намуд, ки маркази ояндаи логистикӣ мутобиқ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд гардида, ба яке аз унсурҳои калидии низоми нақлиётии кишвар табдил хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, татбиқи лоиҳа ба танзими беҳтари ҷараёни боркашонӣ, коҳиши вақти убури сарҳад ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳои логистикӣ мусоидат мекунад.
Директори БАР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Якунин зикр намуд, ки рушди инфрасохтори муосири логистикӣ аз самтҳои афзалиятноки Барномаи давлатии рушди логистикаи Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028 мебошад. Ин барнома навсозии инфрасохтор, таҳияи босифати лоиҳаҳо ва фароҳам овардани шароити ҷалби сармоягузориро пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз таҳияи ТЭО Бонки авруосиёии рушд омодагии худро барои баррасии масъалаи маблағгузории сохтмони маркази логистикӣ изҳор мекунад. Татбиқи ин лоиҳа метавонад самаранокии савдои фаромарзиро ба таври назаррас баланд бардошта, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун гиреҳи муҳими нақлиётии минтақа тақвият бахшад.
АКС: сайт Sugdpressa
