Душанбе, 05 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд корхонаи таъмир ва барқарорсозии трансформаторҳо — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Неруи Истиқлол» ба истифода дода шуд. Лоиҳа дар доираи татбиқи стратегияи чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани солҳои 2022–2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат амалӣ гардидааст.

Ба кор даромадани ин корхона аз муносибати низоммандонаи давлат ҷиҳати таҳкими пойгоҳи истеҳсолӣ ва коҳиши вобастагии технологӣ дар соҳаҳои калидии иқтисод, пеш аз ҳама — энергетика, шаҳодат медиҳад. Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, корхона бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, ки аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидаанд, муҷаҳҳаз шуда, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ насб шудааст.
Иқтидори техникии корхона имкон медиҳад, ки таъмир ва барқарорсозии трансформаторҳо бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом дода шавад. Ин омил барои таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар марҳилаи аввал фаъолияти истеҳсолӣ дар як баст ба роҳ монда шуда, шаш мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Бо афзоиши ҳаҷми фармоишҳо ва густариши иқтидорҳо дар оянда таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар назар аст.
Иқтидори истеҳсолии корхона таъмири то ҳашт трансформатор дар як моҳро дар бар мегирад. Аз як ҷониб, ин нишондиҳанда ба эҳтиёҷоти воқеии минтақа мутобиқ буда, аз ҷониби дигар, заминаи мусоид барои рушди минбаъдаро фароҳам меорад. Самараи муҳими иқтисодии лоиҳа коҳиш ёфтани хароҷот барои ирсоли таҷҳизот ба хориҷи кишвар ва тезонидани раванди барқарорсозии инфрасохтори энергетикӣ мебошад.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки таъсиси чунин корхонаҳо таъсири бисёрҷониба дорад: онҳо ба рушди иқтисоди маҳаллӣ, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти ҶДММ «Неруи Истиқлол» ҳамчун намунаи амалии сиёсати саноатикунонии кишвар арзёбӣ мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон омодагии худро барои дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ изҳор намудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон
