Душанбе, 09 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар Душанбе имконият фароҳам меорад, ки пайдарпаии фарҳангии мардуми тоҷик тавассути кодҳои ҷаҳонбиние, ки ҳазорон сол боқӣ мондаанд, ба таври низомманд омӯзиш шавад.

Панно «Ҷашни савдогарон» — ин репродуксияи мозаикоӣ (панно) мебошад, ки аз рӯи фрескаҳои пайдошуда дар Пенҷикент, ки ба асрҳои 7–8-уми милодӣмансубанд, сохта шудааст. Ин асари санъатиро Комил Ёдгоров дар соли 1994 офаридааст
Дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш доданд, ки барои таъсиси Конун — Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахт чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон, бо дарназардошти фалсафаи амиқ ва арзишҳои инсонгароёнаи Соли нави ориёӣ — Наврӯз, истифодаи анъана ва ойинҳои он дар тарбияи насли наврас, дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад.
Барои татбиқи ин ташаббусҳо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор гардиданд, ки бо ҷалби олимон ва мутахассисон консепсияҳои ин марказҳоро таҳия намоянд. Асоси онҳо бояд анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, ойинҳои қадимаи бунёди шаҳр ва идоракунии шаҳрӣ бошанд ва дар муҳлати кӯтоҳ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гарданд.
Ба гуфтаи доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи этнология ва антропологияи таърихии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Лариса Додхудоева, ҷомеаи академӣ ин ташаббусро навоварона ва саривақтӣ арзёбӣ мекунад. Зеро имрӯз пайгирии пайдарпаии фарҳангии халқи тоҷик тавассути ҷаҳонбинӣ, эътиқод, расму ойинҳо ва шаклҳои таҷассумёбии онҳо дар фарҳанги муосир аҳамияти хос дорад.
Ӯ таъкид мекунад, ки таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ба ҳеҷ ваҷҳ ба идеологияи истисноият ё таълимоти псевдоилмии асрҳои XIX–XX, аз ҷумла дар Олмони фашистӣ, иртибот надорад. Баръакс, мафҳуми Конун ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиши мероси миллӣ ва тамаддуни волое равона шудааст, ки решаҳои он то имрӯз дар фарҳанги миллатҳои гуногун зиндаанд.
Тибқи шарҳи донишманд, истилоҳи «ориёӣ» худномгузории халқҳои қадимаи ҳиндуэрониасл буда, маънои «наҷиб» ё «пок»-ро ифода мекунад. Ба ин фазои этникӣ ниёгони эрониён, ҳиндуҳо, тоҷикон ва дигар халқҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб буданд. Ба онҳо ёдгориҳои бузурги фарҳангӣ, аз ҷумла «Ведаҳо» ва «Авесто», инчунин дастовардҳои барҷаста дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг тааллуқ доранд, ки бо бозёфтҳои сершумори бостоншиносӣ, аз ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон, тасдиқ мешаванд.
Ориёиҳо, ба гуфтаи Лариса Додхудоева, ҳеҷ гоҳ роҳи инзивоиро интихоб накардаанд. Баръакс, робитаҳои фаъоли онҳо бо гурӯҳҳои этникии дигар ба муваффақиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат намуда, ба ташаккули тамаддуни нодири ориёӣ замина гузоштааст.
Дар ин раванд давраи биринҷӣ (охири ҳазораи III — аввали ҳазораи I то милод) нақши калидӣ дорад. Ин давра бо рушди кишоварзии муқимӣ, металлургияи биринҷӣ, ҳунармандӣ, ташаккули шаҳракҳо ва робитаҳои фаъол бо қабилаҳои кӯчманчӣ — сакҳо ва массагетҳо тавсиф мешавад. Маҳз дар ҳамин айём шаклҳои ибтидоии эътиқодоти зардуштӣ ба вуҷуд омада, давраи биринҷӣ ба марҳилаи муҳими этногенези тоҷикон табдил меёбад.
Ёдгориҳои давраҳои энеолит ва биринҷӣ дар фарҳанги Саразм дар водии Зарафшон таҷассум ёфтаанд. Ин маркази протошаҳрии 5500-сола (IV–III ҳазораи то милод), ки онро бостоншинос А. Исаков кашф ва таҳқиқ кардааст, яке аз қадимтарин маҳалҳои шаҳрнишинӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар соли 2000 Саразм ҳамчун мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ эътироф гардида, соли 2010 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд.

Бозёфтҳои бостоншиносии Саразм сатҳи баланди фарҳанги моддиро нишон дода, аз робитаҳои густурдаи тиҷоратӣ бо Эрони Қадим, Ҳиндустон ва Байнаннаҳрайн шаҳодат медиҳанд. Дар ҳамин замина, шаҳристони Тахти-Сангин ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими этномаданияти муосири тоҷик арзёбӣ мешавад, бахусус дар шароите ки имрӯз мерос аз рамзи ҳифозатӣ ба унсури фаъоли ҳаёти иҷтимоӣ табдил меёбад.
Нашри албоми илмии «Ганҷинаҳои Тахти-Сангин», ки аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ таҳия шудааст, далели равшани ин раванд мебошад. Ин китоб, ба маънои воқеӣ, аввалин нашрияест, ки барои Маркази тамаддуни ориёӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамин тавр, мероси тамаддуни ориёӣ ҳамчун манбаи муҳими ташаккули ҳувияти этникии тоҷикон боқӣ мемонад ва омӯзишу бозкушоии он шарти зарурии ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад.
Aкс: Sputnik Навруз в Таджикистане
