Душанбе, 16 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон марҳалаи муҳими навсозии инфрасохтори нақлиётӣ оғоз меёбад. Корхонаи воҳиди давлатии «Институти лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ – ИПТО»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати машваратии NARCO – Dr. Nabeel Abdul-Raheem Consultants (Кувайт) ба таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳаи дақиқи таҷдиди роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» шуруъ намуданд.

Тавре Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, ин корҳо дар доираи шартномаи хизматрасонии машваратӣ сурат мегиранд, ки 29 декабри соли 2025 байни вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати NARCO Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш ба имзо расида, аз 12 январи соли 2026 мавриди амал қарор гирифт.
Лоиҳаи дақиқи таҷдид навсозии ҳамаҷонибаи роҳро дар назар дорад: аз такмили пӯшиши роҳ то таҷдиди инфрасохтори муҳандисӣ, то ки шоҳроҳ ба талаботи муосир мутобиқ гардад.
Ин роҳ дар солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шуда, соли 2015 ба роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дохил гардида буд. Дарозии умумии он 162 километрро ташкил медиҳад. Пас аз таҷдид роҳ ба категорияи IV гузаронида шуда, дорои ду хатти ҳаракат мегардад.

Лоиҳа роҳро ба ду қитъа ҷудо мекунад ва сохтмони 27 пулу 405 қубури обгузарро пешбинӣ менамояд. Ҳадафи асосӣ — беҳтар намудани иртиботи минтақавӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон
