Душанбе, 16 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳамкории ҳарбии Тоҷикистону Федератсияи Россия яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ба шумор меравад. Дар соли гузашта инструкторони пойгоҳи ҳарбии 201-уми Россия, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақар аст, тақрибан 1000 мутахассиси ҷавони ҳарбиро барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказии Россия хабар дод.

Раванди омӯзиш дар ду полигони кӯҳӣ — «Ляур» ва «Самбули» баргузор гардида, ба шароити воқеии хизмат дар минтақаҳои душвортарин мутобиқ карда шуд. Омӯзиш 14 ихтисоси ҳарбиро фаро гирифт, аз ҷумла механик-ронанда ва наводчик-оператори танки Т-72, фармондеҳи ҳисоботи БМ-21 «Град», наводчики тӯпҳои худгарди 2С1 «Гвоздика», операторони БМП-2 ва БТР-80, иктишофчиён, гранатомётчиён ва дигар ихтисосҳо.
Давомнокии курсҳои омӯзишӣ се моҳро ташкил дода, бо супоридани имтиҳонҳои назариявӣ ва тирпаррониҳои назоратӣ аз силоҳи штатии техникаи ҷангӣ ва силоҳи тирандозӣ анҷом меёфт.
Ба иттилои Округи ҳарбии марказӣ, соли 2026 омӯзиши мутахассисон идома ёфта, шумораи ихтисосҳо бо назардошти таҷрибаи низоъҳои муосир зиёд карда мешавад. Омодасозии операторони бесарнишин, мутахассисони муборизаи радиоэлектронӣ ва тирандозони маҷмааҳои зиддиҳавоии сайёри «Игла» дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегирад.
Пойгоҳи 201-уми гвардиявӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст, бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Россия дар хориҷи кишвар буда, нақши калидӣ дар таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ мебозад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
