Ҳавои тоза ва боғи экологӣ: дар Ҳисор беш аз 1500 дарахти павловния шинонида шуд – ИА Караван Инфо
Ҳавои тоза ва боғи экологӣ: дар Ҳисор беш аз 1500 дарахти павловния шинонида шуд

Ҳисор, 16 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». 15 январ дар маркази шаҳри Ҳисор маъракаи назаррас оид ба ниҳолшинонӣ баргузор гардид: беш аз 1500 бех дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла павловния, дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» шинонида шуданд.

Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Баҳодур Шерализода ва Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода иштирок карданд. Ниҳолҳо дар кӯчаи ба номи Султон Раҷабов ва атрофи Чойхонаи миллии «Харбуза» бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд.

Кормандони муассисаву ташкилотҳо, идораҳои ҳифзи муҳити зист, хоҷагиҳои ҷангал ва сокинони 12 ҷамоати шаҳр ва деҳот фаъолона дар маърака ширкат намуданд.

Ба гуфтаи олимон ва экологҳо, дарахти павловния на танҳо хокро муҳофизат мекунад, балки ҳаворо тоза месозад. Як дарахт метавонад соле то 22 кило гази карбонатро фурӯ бурда, 6 кило оксиген ҷудо кунад. Як гектар боғи павловния қариб 300 тонна гази карбонатро ҷабб мекунад ва то 1000 тонна чангу ғуборро ба худ мегирад.

Павловния зуд рушд мекунад, соле то 3–5 метр қад мекашад, пас аз буридан зуд барқарор мешавад ва то 70–100 сол фаъол аст. Диаметри танааш то як метр ва қадаш то 28–30 метр мерасад. Ин дарахт ба хок серталаб нест, ҳатто дар қитъаҳои камнам мерӯяд, аммо дар заминҳои ҳосилхезу намнок тезтар рушд мекунад.

Як гектар дарахти павловния дар соли сеюм то 100 тонна биомасса медиҳад.

Баргҳои калону серғизои он барои чорво хӯроки хуб мебошанд — соле аз як гектар то 40 тонна хӯроки чорво гирифтан мумкин аст. Гулкунии он 6–8 ҳафта давом мекунад ва барои асали хушсифат низ мусоидат мекунад. Таъми асали павловния шабоҳати асали ақоқиё дорад, аз як гектар боғ то як тонна асал гирифтан мумкин аст. Барои ҳамин, асалпарварон қуттиҳои занбӯри асалро дар иҳотаи дарахтони павловния мегузоранд.

Маъракаи имрӯза нишон дод, ки бунёди боғҳои павловния на танҳо ба тозагии ҳаво дар шаҳрҳо мусоидат мекунад, балки манбаъи барг, биомасса ва асал барои аҳолӣ ва хоҷагиҳо низ мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

error: