Душанбе, 19 январ — АИ «Караван Инфо». Дар доираи чорабинии байналмилалӣ «Ҳафтаи рушди устувори Абу-Даби – 2026» муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода мулоқот бо роҳбарияти ширкати сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб «40 Capital» доир намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили васеъ кардани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, бахусус дар самти рушди энергетикаи «сабз», ҷалби сармоя барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.
Ширкати «40 Capital» таваҷҷуҳи махсуси худро ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт. Намояндагони ширкат омодагии худро барои омӯзиши ҳамаҷонибаи имкониятҳои мавҷуда ва ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои самаранок ва судманд таъкид карданд.
Мутахассисон қайд менамоянд, ки ҷалби сармоя ба нерӯгоҳҳои хурди обӣ на танҳо рушди бахши энергетикии Тоҷикистонро таъмин мекунад, балки ҳамкории байналмилалиро таҳким бахшида, технологияҳои муосирро ҷорӣ менамояд ва устувории энергетикии кишварро баланд мебардорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
