Дар Душанбе аксияи оммавии сабзкорӣ идома дорад: дар Боғи Ғалаба зиёда аз 1000 бех ниҳол шинонида шуд – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе аксияи оммавии сабзкорӣ идома дорад: дар Боғи Ғалаба зиёда аз 1000 бех ниҳол шинонида шуд

Душанбе, 19 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди «Боғи Ғалаба», омӯзгорони ноҳияи Шоҳмансур аксияи ниҳолшинонӣ баргузор намуданд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки чунин иқдомҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Тибқи иттилои Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, аксия дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва инчунин бо мақсади иҷрои ҳидояту ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва табдил додани пойтахт ба шаҳри сабз амалӣ гардид.

«Бо эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвият ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҳар як сокини ноҳия бояд дар ободонӣ ва сабзкорӣ саҳми арзанда гузорад. Ҳар як шаҳрванди кишвар барои беҳтар кардани вазъи экологӣ ва зебогардонии гӯшаҳои Ватан бояд кӯшиш намояд», — таъкид намуданд ташкилкунандагон.

Ёдрас мешавем, ки соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Тибқи барнома, дар марҳилаи аввали он (солҳои 2025–2027) дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.

Барнома дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2023 ироа шудааст, таҳия гардида, бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор амалӣ мешавад.

АКС: Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур

error: