Гармиҳои Сталинобод барои Ленингради сарддида: чӣ гуна Тоҷикистон ба муҳосирашудагони Ленинград кӯмак расонд – ИА Караван Инфо
Гармиҳои Сталинобод барои Ленингради сарддида: чӣ гуна Тоҷикистон ба муҳосирашудагони Ленинград кӯмак расонд

83 сол пеш, 18 январи соли 1943, муҳосираи Ленинград рахна гардид.

Фронти Ленинград, аъзои ҳайати Тоҷикистон ба ҷанговарони фронтӣ — танкистҳо туҳфаҳо тақдим менамоянд. Акс: аз бойгонии шахсии Ғафур Шерматов

900-рӯзаи мудофиаи Ленинград — намунаи нодирест дар тамоми таҷрибаи ҳарбии ҷаҳон. Шаҳре, ки бо ҳалқаи муҳосира аз кишвар ҷудо шуда буд, қариб се сол зиндагӣ кард ва гӯё танҳо тавассути як раги ягонаи ҳаётӣ — аз болои яхҳои кӯли Ладога — ғизо мегирифт. Дар давраи муҳосира аз гуруснагӣ ва тирборонҳо садҳо ҳазор сокинони Ленинград ҷони худро аз даст доданд.

Ранҷу азоби шаҳр ва сокинони он имрӯз бо тамоми ҷузъиёташ маълум аст, аммо тасаввуроти инсонӣ қодир нест он чиро, ки онҳо аз сар гузаронданд, ба таври комил дарк намояд, эҳсос кунад ва арзёбӣ диҳад. Аз ин рӯ, ба тасвиркашии муфассали ин фоҷиа эҳтиёҷе нест.

Муносибтар он аст, ки ба Ленинград, ленинградиҳо ва ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки шаҳри дар соҳили Нева воқеъбударо ҳимоя карданд, арҷ гузорем.

Дар вазнинтарин рӯзҳои муҳосира ленинградиҳо рӯҳафтода нашуданд — андешаи таслимшавӣ ҳатто ба зеҳни онҳо намеомад ва наметавонист биёяд. Онҳо меҷангиданд. Бо матонат ва фидокорӣ шаҳри худро ҳимоя мекарданд. Ленинград таслим нашуд.

Тамоми кишвар ба шаҳри муҳосирашуда ёрӣ мерасонд. Яке аз аввалинҳо шуда ба кумак ба Ленинград Сталинобод омад. Ба Соли нави 1942 аз Сталинобод аввалин эшелон бо маводи ғизоӣ фиристода шуд: 17 ҳазор қуттии консерва ва мураббо, 60 тонна меваи хушк, консентратҳои ғизоӣ ва дигар маҳсулот.

Ҳайати намояндагони халқи тоҷик дар саҳни киштии ҷангии «Инқилоби Октябр», Ленинград, соли 1942. Аз бойгонии шахсии Ғафур Шерматов

Роҳбари ҳайат, раиси Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шағодаев, ҳангоми суханронӣ назди коргарони Заводи ба номи Киров, аз номи халқи тоҷик ваъда дод: «Он чизе ки мо дар Ленинград дидем, моро водор месозад, ки барои кумак ба шаҳри Ленин нерӯҳои худро боз ҳам бештар сафарбар намоем».

Аз моҳи июни соли 1941 ва дар тӯли соли 1942 ба Тоҷикистон эшелонҳо бо эвакуатсияшудагон меомаданд — тақрибан 150 ҳазор шаҳрвандони ИҶШС аз Украина, Белорус, кишварҳои назди Балтика, Москва ва Ленинград. Танҳо ба Сталинобод, тибқи маълумоти шӯрои шаҳрӣ, зиёда аз 20 ҳазор калонсолон ва кӯдакон аз Ленингради муҳосирашуда эвакуатсия карда шуданд.

Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШТ Мунаввар Шағодаев дар масҷиди ҷомеи шаҳри Ленинград, августи соли 1942. Аз архиви шахсии Ғафур Шерматов

Дар моҳҳои октябр–декабри соли 1941, аз даҳшатҳои ҷанг наҷот ҷуста, ба Сталинобод дастаҳои театрӣ аз минтақаҳои ишғолшуда ба омадан оғоз карданд. Дар миёни онҳо — Театри эстрада ва миниатюраҳои Ленинград ба роҳбарии Аркадий Райкин, Театри комедияи Ленинград ва дигарон буданд.

Тирамоҳи соли 1941 ду хонаи кӯдакон аз Ленинград ва вилояти Ленинград ба Сталинобод эвакуатсия карда шуданд. Ҳангоми расидан дар назди бисёре аз кӯдакон ёддоштҳо ёфт мешуданд:

«Ба Шӯрои шаҳрии Сталинобод. Инҳо фарзандони коргарони ленинградӣ мебошанд, ки барои ҳимояи шаҳр боқӣ мондаанд. Хоҳиш мекунем онҳоро дар яке аз хонаҳои кӯдакони худ нигоҳ доред. Агар волидонашон ҳалок шаванд, Шӯрои шаҳрии Ленинград ғамхории ин кӯдаконро ба уҳда хоҳад гирифт».

Намояндагони ҳайати Тоҷикистон дар Ленинград. Аз архиви шахсии Ғафур Шерматов

«Даст ба даст бо бародарони рус»

Дар сафи ҳимоятгарони Ленинград ҷанговароне аз Тоҷикистон низ буданд.

Дар Фронти Ленинград зодаи ноҳияи Ашт Тӯйчӣ Эрҷигитов қаҳрамонии ҷовидонаи Александр Матросовро такрор намуда, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.

Дар ҷараёни ҷанг 5 октябри соли 1943 дар минтақаи деҳаи Смердыняи ноҳияи Тосно сарбози Артиши Сурх бо тани худ амбразураи дзотро пӯшонда, ба ротаи худ имкон дод, ки ба ҳамла гузарад. Ҳамяроқони аз корнамоиҳои Тӯйчӣ рӯҳбаландшуда, бо бархостан ба ҳамла ба хандақҳои гитлерчиён ворид гардиданд.

Модари Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрҷигитов дар назди қабри писараш дар вилояти Ленинград. Аз бойгонии шахсии Ғафур Шерматов

Шӯҳрати бузург дар бораи снайперҳои Тешабой Адилов ва Шукурулло Исаев паҳн шуд. Дар рӯзномаи «Комсомолская правда» соли 1942 очерки таҳти унвони «Ленинградиён — Тешабой Одилов» нашр гардид. То миёнаҳои соли 1942, шумораи сарбозон ва афсарони душмане, ки ӯ нобуд кардааст, аз 100 нафар зиёд буд.

Аз бойгонии шахсии Ғафур Шерматов

Се бародари афсар-артиллерист — Бахруддин, Зайниддин ва Муҳаммад Асимов — бо ҷасорат шаҳри дар соҳили Нева воқеъбударо ҳимоя мекарданд.

8 марти соли 1944 дар ҷанг мошини артиллерияи худрави СУ-85-и лейтенант Муҳаммад Асимов захмӣ шуда, оташ гирифт. Ҳарчанд оташ тамоми мошинро фаро гирифта буд, ӯ идома дод ба идора кардани батарея ва таҳрири оташ тавассути радио. Лейтенант Асимов, ки сӯхта ва вазнин ҷароҳатдор буд, то анҷоми ҷанг дар вазифаи ҷангӣ монд. Пас аз ҷанг ӯ олим ва мутахассиси барҷастаи соҳаи онтология ва гносология гардид, академик ва раиси Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шуд.

Командири батарея, лейтенант СУ-85 Муҳаммад Сайфитдинович Асимов
Аз бойгонии шахсии Ғафур Шерматов

Дар ҷангҳои Ленинград сарбози пехота Шукурулло Ибрагимов шуҳрат пайдо кард. Ӯ бо чор ҳамсолаш чандин ҳамлаи душманро бо матонат пешгирӣ намуд. Вақте ки ҳамраҳонаш ҳалок шуданд, Шукурулло, гарчанде сахт захмӣ буд, баъд аз охирини тири пулемёти ДП ба сӯи фашистон граната партофт. Дар натиҷа, беш аз 27 ҳариф дар назди мавқеи ӯ ба ҳалокат расиданд.

Ҳавопайморавони Сталинобод Т. Гаврилов ва С. Яцковский садҳо маротиба ба шаҳри муҳосирашуда парвоз карданд, ба муҳофизон ғизо ва силоҳ мерасонданд ва захмиён ва кӯдаконро эвакуация мекарданд. Барои ин ҷасорат онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шуданд.

Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон, полковник Набӣ Акрамов, ветеран ва иштирокчии 201-ум МСД, дар назди қабри Қаҳрамони Венямин Недошивин – иштирокчии рахнаи муҳосираи Ленинград, ки дар боғи қаҳрамонони байналмилалисти марказии шаҳри Душанбе дафн шудааст, арҷгузорӣ мекунад. Аз бойгонии шахсии Ғафур Шерматов

Сентябри соли 1942 дастаи Заводи ба номи Кирови Ленинград номаеро ба сокинони Тоҷикистон фиристод, ки пур аз эҳсоси сипосгузорӣ ва ҳамдардӣ буд:

«Суханҳо намерасанд, то сипоси моро барои таваҷҷуҳ ва ғамхории шумо нисбат ба мо, ленинградиҳо, баён кунанд… Дар майдони ҷанг, даст ба даст бо бародарони рус, фарзандони шуҷоъи халқи тоҷик сарзамини шӯравиро ҳимоя мекунанд».

Тибқи маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии ветерани ҷанг ва меҳнат, беш аз 12 ҳазор сокини Тоҷикистон барои саҳми хеш дар мудофиаи Ленинград бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» сарфароз шудаанд.

Ҳамчунин як рамзи беназир аз қаҳрамонии маънавӣ вуҷуд дорад: дар рӯзҳое, ки Ленинград дар ҳалқаи муҳосира нафас мегирифт, чопгарони ленинградӣ, ки аз гуруснагӣ фалаҷ шуда буданд, як бастаи калон китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ барои хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ чоп карда ва ба Душанбе ирсол карданд. Пас аз ҷанг, шоири Муъмин Каноат ба ин рӯйдод шеъри маъруфи «Китобҳои захмӣ»-ро бахшидааст.

Муаллиф: Ғафур Шерматов, таърихшинос

error: