Душанбе, 20 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароити сардиҳои зимистон, вақте захираҳои табиӣ осебпазир мегарданд, дар ноҳияи Ванҷ тадбирҳои мушаххас ҷиҳати ҳифзи олами ваҳшӣ амалӣ мешаванд. Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ маҷмӯи чорабиниҳои биотехникӣ баргузор гардид, ки ба пешгирии талафоти намояндагони олами ҳайвонот, аз ҷумла парандагон, равона шудаанд.

Тавре Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии ин тадбирҳо фароҳам овардани заминаи устувори хӯрокворӣ барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон дар давраи зимистон мебошад. Дар ҷойҳои махсуси гузариши ҳайвонот, инчунин дар маконҳои зисти парандагон захираҳои ғизоӣ ҷойгир карда шуданд.
Дар маҷмӯъ зиёда аз 350 килограмм гандум, 100 килограмм олуи хушк, 200 килограмм себи хушк ва 200 килограмм алаф дар муҳити табиӣ гузошта шудааст. Ин чораҳо барои ҷуброни норасоии ғизои табиӣ дар шароити сардиҳои тӯлонӣ ва барфпӯшии замин пешбинӣ шудаанд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳои биотехникӣ хусусияти мунтазам дошта, ба нигоҳдории шумораи ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҳифзи мувозинати экологии минтақа мусоидат менамояд. Дар дурнамо, ин гуна фаъолият барои таъмини устувории захираҳои табиӣ ва ҳифзи гуногуншаклии биологӣ дар ноҳияи Ванҷ аҳамияти калон дорад.
Дастгирии олами ваҳшӣ дар фасли зимистон на танҳо ҳифзи намудҳои алоҳида, балки саҳмгузорӣ дар солимии умумии экосистема мебошад, ки амнияти экологии минтақаро таъмин мекунад.
Акс: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
