СПЕКА — минбари ҳамгироии минтақавӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои рушди устуворро муаррифӣ кард – ИА Караван Инфо
СПЕКА — минбари ҳамгироии минтақавӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои рушди устуворро муаррифӣ кард

Душанбе, 22 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон иштироки худро дар ташаббусҳои иқтисодии минтақавӣ пайваста тақвият бахшида, рушди пайвастагии иқтисодӣ, устуворӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро дар Осиёи Марказӣ аз самтҳои асосӣ медонад.

Ин нукта 21 январ дар суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни маросими ифтитоҳи Форуми иқтисодии Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти унвони «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод: пайвастагии минтақавӣ барои рушди устувор» таъкид гардид.

Форум дар шаҳри Ашқобод (Туркманистон) баргузор шуда, Тоҷикистон дар он ба таври маҷозӣ иштирок дорад. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, вазир дар баромади худ ба самтҳои калидии ҳамкории минтақавӣ ишора намуд, ки метавонанд ба рушди иқтисодии кишварҳои узви СПЕКА такони нав бахшанд.

Бо истинод ба натиҷаҳои саммити СПЕКА, ки моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Боку баргузор гардида буд, Абдураҳмон Абдурахмонзода аҳамияти татбиқи амалии ташаббусҳоро дар самтҳои таъмини гардиши бемонеаи маҳсулоти кишоварзӣ, рушди тиҷорати электронӣ, такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, иҷрои самараноки ин иқдомҳо метавонад заминаи таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва рушди фарогири иқтисодиро фароҳам оварад.

Дар суханронӣ инчунин ба ҳаҷми ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои СПЕКА таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Тибқи маълумоти вазир, зиёда аз 35 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои узви барнома рост меояд, ҳарчанд имкониятҳои мавҷуда то ҳол пурра истифода нашудаанд.

Дар ин замина, рушди логистикаи нақлиётӣ ҳамчун яке аз авлавиятҳо номбар шуд. Аз ҷумла, сухан дар бораи беҳтар намудани долонҳои бисёрҷонибаи нақлиётӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ ва рақамикунонии расмиёти нақлиётӣ меравад, ки метавонанд самаранокии савдои минтақавиро ба таври назаррас боло баранд.

Дар бахши энергетика таъкид гардид, ки Тоҷикистон нақши калидӣ дар рушди энергетикаи «сабз» ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дорад, ки ба ҳадафҳои миллию минтақавии рушди устувор мутобиқ мебошад.

Қобили зикр аст, ки Форуми иқтисодии СПЕКА яке аз чорабиниҳои асосии солонаи барнома ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад. Соли 2024 мизбонии форумро Тоҷикистон ба уҳда дошт, ки аз нақши фаъоли кишвар дар пешбурди рӯзномаи иқтисодии минтақавӣ дарак медиҳад.

Акс: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: