Душанбе, 22 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Таҷовузҳои киберӣ дигар танҳо мавзӯи филми фантастикӣ нестанд, балки воқеият барои ҳар касест, ки смартфон, корти бонкӣ ё хидматрасониҳои онлайнро истифода мебарад. Чӣ тавр маълумоти шаҳрвандон, бизнес ва системаҳои давлатӣ муҳофизат карда шавад? Ба ин саволҳо иштирокдорони Cybersecurity Forum 2026, чорабинии асосии технологӣ дар Тоҷикистон, посух хоҳанд дод.

Форум аз ҷониби Ассоциацияи рушди рақамии Тоҷикистон (АЦРТ) бо дастгирии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ташкил шудааст. Сарпарасти генералӣ — Tcell, шарик — Palo Alto Networks.
Чорабинӣ чанд самти муҳимро дар бар мегирад:
- Стратегияи миллӣ: муаррифии таҷрибаи байналмилалӣ ва равишҳо барои таҳияи «Кодекси рақамӣ».
- Амнияти киберии бизнес: кейсҳои амалӣ аз ширкатҳои пешсаф, аз ҷумла Tcell, Freedom Bank Kazakhstan ва корпоратсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Palo Alto Networks.
Аз ҷумлаи спикерҳои асосӣ — намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва IFC, коршиноси байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи рақамӣ Татту Мамбеталиева, директори IT ва мутахассисони пешрафта дар соҳаи амнияти иттилоотӣ.
Форум майдони гуфтугӯ байни мақомоти давлатӣ, донорони байналмилалӣ ва бахши хусусӣ мегардад. Ҳадаф — эҷоди ояндаи рақамӣ, бехатар ва фарогир барои Тоҷикистон, ки маълумоти шаҳрвандон ва бизнесро боваринок ҳифз мекунад ва технологияҳо ба рушди иқтисодӣ ва ҷомеа хизмат мекунанд.
Cybersecurity Forum 2026 ваъда медиҳад, ки чорабинии асосӣ барои ҳамаи касоне хоҳад буд, ки ба трансформатсияи рақамӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии кишвар манфиатдоранд.
АКС: Ассоциацияи рушди рақамии Тоҷикистон (АЦРТ)
