Сада — паёмовари баҳор ва заҳмати деҳқон: таҷлили бошукуҳи ҷашни бостонӣ дар Панҷакент – ИА Караван Инфо
Сада — паёмовари баҳор ва заҳмати деҳқон: таҷлили бошукуҳи ҷашни бостонӣ дар Панҷакент

Душанбе, 30 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар мавзеи Қаволаи шаҳри Панҷакент 29 январ ҷашни бостонии Сада бо тантана ва иштироки густурдаи сокинон баргузор гардид. Ин ойини куҳан, ки рамзи рӯшноӣ, гармӣ, эҳёи табиат ва оғози омодагӣ ба корҳои баҳории кишоварзӣ мебошад, боз ҳам мардумро гирди ҳам овард.

Дар ҷашнгоҳ кишоварзон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҳунармандон ва аҳли фарҳанг иштирок намуда, намоиши дастранҷи деҳқонон, техникаи кишоварзӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Барномаи фарҳангӣ бо рақсу сурудҳои мардумӣ ранги тоза гирифт ва афрӯхтани оташ — рамзи асосии ҷашни Сада — ба авҷи чорабинӣ табдил ёфт.

Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад, зимни ҷашн таъкид шуд, ки эҳёи суннату ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва дигар ойинҳои мардумӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ нишонаи равшани бозгашт ба асолати таърихӣ ва арзишҳои маънавии миллат мебошад. Ин ҷашнҳо, бахусус Наврӯз, Меҳргон ва Сада, таҷассуми хирад, фарҳанг ва симои маънавии мардуми тоҷиканд.

Ҳамзамон суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ гардиданд, ки ба гуфтаи ӯ, аз ин ҷашнҳои бостонӣ то имрӯз расму ойинҳо, намунаҳои фарҳангию адабӣ ва таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд. Ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик пайванд медиҳанд.

Манбаъҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки мардум бо афрӯхтани оташ гармӣ, рӯшноӣ ва фарорасии баҳорро истиқбол мекарданд ва ба кишту кори баҳорӣ ва ҷашни Наврӯз омодагӣ мегирифтанд.

Ниёгони мо Садаро ҳамчунин ҳамчун ҷашни кашфи оташ таҷлил менамуданд. Дар тафаккури мардумӣ оташ на танҳо манбаи гармӣ, балки рамзи рӯшноӣ, покӣ ва башорати эҳёи табиат ба шумор меравад. Ин мафҳумҳо аз давраҳои қадим ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонбинии мардуми тоҷик маҳсуб меёбанд.

Дар доираи ҷашн кишоварзон даъват шуданд, ки корҳои омодагиро ба мавсими кишт вусъат бахшида, ба ниҳолшинонӣ, сабзкорӣ ва ободонии маҳалҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамчунин аз онҳо хоста шуд, ки дар корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми фаъол гузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ кишоварзони пешсаф, ки дар рӯёнидани ҳосили фаровон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

error: