Душанбе, 31 январ, – АИ «Корвон Иттилоот».Тоҷикистон устуворӣ, самаранокӣ ва ҳамоҳангсозии занҷираи арзиши зардолуро тавассути тақвияти иқтидори миллӣ дар доираи ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) «Як кишвар — як маҳсулоти афзалиятнок» (OCOP) тақвият мебахшад. Зардолу яке аз маҳсулоти калидии кишоварзии кишвар буда, барои таъмини рӯзгори аҳолии деҳот, амнияти озуқаворӣ ва иқтидори содиротӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар доираи ин ташаббус як силсила барномаҳои миллии омӯзишӣ — ҳам дар шакли маҷозӣ ва ҳам ҳузурӣ — оғоз гардиданд, ки ба баланд бардоштани малакаҳои доираи васеи иштирокчиёни занҷираи арзиш дар саросари кишвар равона шудаанд. Татбиқи барномаҳо аз ҷониби ФАО дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» амалӣ гардида, интизор меравад то охири моҳи марти соли 2026 идома ёбанд.
Омӯзишҳо, ки тавассути механизми саҳмгузории ихтиёрии ФАО маблағгузорӣ мешаванд, ба рушди истеҳсоли оқилона ва ба иқлим мутобиқшудаи зардолу, татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи кишоварзӣ, технологияҳои каммасрафи захираҳо, усулҳои муосири коркарди пас аз ҷамъоварии ҳосил ва таҳкими ҳамоҳангсозии миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист равона гардидаанд.
Илова бар ҷузъи омӯзишӣ, ташаббуси OCOP рушди дарозмуддати бахши зардолуро дар Тоҷикистон тавассути таъсиси Гурӯҳи кории миллӣ, гузаронидани таҳлили занҷираи арзиши миллӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳияи стратегияҳои ҳамаҷонибаи рушди бахш дастгирӣ менамояд. Ин тадбирҳо ба таҳкими иқтидори техникӣ ва институтсионалии субъектҳои давлатӣ ва хусусӣ дар тамоми занҷира мусоидат мекунанд.
Дар чорабиниҳо намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, кишоварзон, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ, кооперативҳо, корхонаҳои коркард, содиркунандагон ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ иштирок намуданд. Чунин равиши бисёрсоҳа сатҳи баланди соҳибияти миллӣ ва ҳамоҳангсозиро таъмин менамояд.
Тоҷикистон яке аз истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони пешбари зардолу дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, тақрибан 10 фоизи боғҳои зардолуи ҷаҳонӣ дар қаламрави кишвар ҷойгиранд. Бо вуҷуди шароити мусоиди табиӣ, соҳа бо як қатор мушкилот, аз ҷумла таҷрибаҳои кӯҳнаи истеҳсолӣ, дастрасии маҳдуд ба маблағгузорӣ ва технологияҳои муосир, ҳамгироии заифи бозор ва хатарҳои марбут ба тағйирёбии иқлим рӯбарӯ мебошад.
Дар доираи ташаббуси OCOP Тоҷикистон барои тақвияти тамоми занҷираи арзиши зардолу — аз истеҳсол ва нигоҳдорӣ то коркард ва содирот — бо мақсади афзоиши даромади кишоварзон, коҳиши талафоти маҳсулоти озуқаворӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими рақобатпазирии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонии кишоварзӣ тадбирҳо меандешад.
«Муваффақияти бахши зардолу аз ҳамоҳангсозии қавии миллӣ, қабули қарорҳои огоҳона ва татбиқи амалияҳои устувор мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ вобаста аст», — таъкид намуд Агаси Арутюнян, иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. — «Тавассути ташаббуси OCOP ФАО ба Тоҷикистон дар ташкили занҷираи арзиши устувори зардолу, ки ба кишоварзон, ҷомеаҳо ва иқтисоди миллӣ манфиат меорад, кумак мерасонад».
Ташаббуси OCOP-и ФАО ба кишварҳо дар муайян намудани маҳсулоти стратегии кишоварзӣ бо иқтидори баланд ва рушди ҳамоҳанг ва устувори занҷираи арзиши он мусоидат мекунад. Тоҷикистон зардолуро ҳамчун маҳсулоти афзалиятнок интихоб намуд, зеро он дорои аҳамияти иқтисодӣ, арзиши фарҳангӣ ва иқтидори баланди эҷоди арзиши иловагӣ ва густариши бозор мебошад.
Акс: ©ФАО/Биайна Махари
