Душанбе, 31 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 29 январ маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинии бошукӯҳ ба қадршиносии саҳми ҷавонони фаъолу эҷодкор дар рушди фарҳанг, маориф ва ҳаёти иҷтимоии кишвар бахшида шуд.

Дар ҷараёни маросим се нафар аз Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд. Онҳо барои фаъолияти самаранок, дастовардҳои эҷодӣ ва саҳми назаррас дар рушди фарҳанги миллӣ қадрдонӣ шуданд.
Муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Тағойзода Шаҳноза, декани факултети санъати мусиқии мардумӣ Дамдоров Ифтихор ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси иттилоот ва робита бо ҷомеа Саиднасимова Гулхоним аз ҷумлаи ҷоизадорон буданд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин иқдомҳо далели дастгирии пайвастаи давлат аз ҷавонони соҳибистеъдод буда, барои рушди минбаъдаи соҳаи фарҳанг ва санъат заминаи мусоид фароҳам меоранд. Қадрдонии ҷавонон на танҳо ангезаи нав эҷод мекунад, балки мавқеи фарҳангро дар ҷомеа боз ҳам тақвият мебахшад.
Маросим дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, бо барномаи фарҳангӣ ва ҳунарнамоии аҳли санъат анҷом ёфт.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
