Бонки Ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад: авлавият ба рушди устувор ва таъсиси ҷойҳои кор – ИА Караван Инфо
Бонки Ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад: авлавият ба рушди устувор ва таъсиси ҷойҳои кор

Душанбе, 31 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон машваратҳо бо шарикони рушд, донорҳо ва созмонҳои байналмилалии рушд баргузор намуд. Ин мулоқот ба баррасии Стратегияи нави ҳамкории Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 бахшида шуд.

Дар машваратҳо донорҳои асосӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро муҳокима карданд. Ҳадаф аз ин раванд он аст, ки дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ба соҳаҳое равона гардад, ки метавонанд ба рушди устувор мусоидат намуда, сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳанд.

Тавре дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, стратегияи нав ба фароҳам овардани ҷойҳои кори бештар ва босифат, таҳкими устувории иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида мешавад. Рушди захираҳои инсонӣ ва дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ низ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ ба шумор мераванд.

Намояндагони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ зикр намуданд, ки ҷалби васеи шарикони рушд ба таҳияи стратегия имкон медиҳад, ки кӯмакҳо самаранок, ҳамоҳангшуда ва ба натиҷаҳои дарозмуддат нигаронида шаванд. Ба гуфтаи онҳо, чунин машваратҳо барои ташаккули сиёсати босамари рушд аҳамияти калон доранд.

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки татбиқи стратегияи нав метавонад ба Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти сохторӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди устувори иқтисодии кишвар такони ҷиддӣ бахшад.

АКС: Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

error: