Душанбе, 31 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (МОМ) дар Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор намуд. Мавзӯи асосии мулоқот баррасии имкониятҳо ва чолишҳое буд, ки муҳоҷирати дохилӣ барои рушди устувори пойтахт ва кишвар дар маҷмӯъ фароҳам меорад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ аз деҳот ба шаҳрҳо табодули муфассали афкор анҷом дода, роҳҳои инъикоси дақиқтари ин ҷараёнҳоро дар сиёсати давлатӣ, хизматрасониҳои шаҳрӣ ва банақшагирии стратегӣ бар асоси маълумот муҳокима намуданд. Таъкид гардид, ки истифодаи маълумоти боэътимод ва воситаҳои таҳлилӣ барои шаҳрҳои босуръат рушдёбанда, аз ҷумла Душанбе, аҳамияти калидӣ дорад.
Иштирокчиёни вохӯрӣ қадамҳои мушаххасро ҷиҳати такмили ҷамъоварии маълумот, таҳкими таҳлил ва рушди абзорҳои банақшагирии шаҳрӣ муайян карданд. Ба андешаи ҷонибҳо, чунин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки тағйироти демографии вобаста ба муҳоҷират ба таври муассир идора гардида, рушди мутавозини инфрасохтори шаҳрӣ таъмин карда шавад.
Ҳамчунин роҳҳои дастгирии МОМ дар густариши хизматрасониҳо барои муҳоҷирони оянда, ҷорӣ ва бозгашта мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сухан дар бораи фароҳам овардани шароити муҳоҷирати бехатар, муназзам ва идорашаванда мерафт, ки метавонад ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми мусбат гузорад.

Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаи истифодаи самараноки иқтидори диаспораи тоҷикро ба манфиати рушди Душанбе муҳокима намуданд. Дар ин замина, имкониятҳои ҷалби технологияҳои рақамӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорӣ бо равиши инноватсионӣ баррасӣ шуданд.
Дар МОМ Тоҷикистон изҳор доштанд, ки умед доранд ин гуфтугӯҳо ба қарорҳои амалӣ, устувор ва самаранок табдил ёфта, ба рушди пойтахт ва кишвар дар маҷмӯъ натиҷаҳои воқеӣ меоранд.
АКС: IOM Tajikistan
