Ҷаласаи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Душанбе, 04 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 6 феврал ҷаласаи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор мешавад. Дар ин бора аз дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласаи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 6 феврали соли 2026, соати 10:00, дар толори маҷлисҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба қайдгирии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 феврали соли 2026 аз соати 09:00 то 17:00 ва 6 феврал аз соати 08:00 то 09:00 дар шуъбаи ташкилии дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
ФОТО: НИАТ «Ховар»
