АФҒОНИСТОН, 7 феврали соли 2026 – Агентии иттилоотии Karavan Info. Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ гузориш медиҳад, ки ниёзҳои башардӯстона дар Афғонистон, бахусус дар байни занон ва духтарон, афзоиш ёфта истодаанд.

Ин ниҳоди вобаста ба СММ ба зарурати идомаи кумакҳои худ таъкид карда, гуфт, ки ҳеҷ модаре набояд дар мубориза бо норасоии ғизо танҳо гузошта шавад.
Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ видеоеро нашр кард, ки дар он эълон карда шуд, ки дар соли гузашта ба 9 миллион зан ва кӯдак дар пешгирии норасоии ғизо кумак кардааст.
Афғонистон бо яке аз бузургтарин бӯҳронҳои башардӯстонаи ҷаҳон рӯбарӯ аст. Дафтари ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстонаи СММ қаблан эълон карда буд, ки аз ҳар панҷ нафари Афғонистон ду нафар дар фасли зимистон ба кӯмаки башардӯстона ниёз доранд.
Шумораи кӯдакони ниёзманди кумаки башардӯстона дар Афғонистон то соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад.
Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) низ ахиран изҳор дошт, ки аҳолии Афғонистон бо бӯҳронҳои гуногун, аз ҷумла набудани дастгирии иҷтимоӣ, иқтисоди заиф ва дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои асосӣ рӯбарӯ аст.
Акс: UN News
