Душанбе, 09 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дзюдочии ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев бо ба даст овардани аввалин медали Тоҷикистон дар мусобиқаи бонуфузи Grand Slam Paris номи худро дар таърихи варзиши миллӣ сабт намуд. Бронзаи варзишгари 19-сола як дастоварди муҳим на танҳо барои худи ӯ, балки барои тамоми мактаби дзюдои Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ассадуллоев дар вазни то 73 кг рӯзи 7 феврал мусобиқаро аз даври дуюм оғоз кард. Ӯ бо эътимод марҳилаи дуюм ва даври 1/8 финалро паси сар намуда, сатҳи баланди омодагии техникӣ ва тактикии худро нишон дод.
Дар чорякфинал варзишгари тоҷик аз намояндаи Италия мағлуб шуд ва имкони расидан ба финалро аз даст дод. Бо вуҷуди ин, Асадуллоев рӯҳияи ҷангиро нигоҳ дошта, дар даври тасаллӣ бар намояндаи Қазоқистон пирӯз гардид ва роҳхат ба рақобат барои медалро соҳиб шуд.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм ӯ бо дзюдочии фаронсавӣ Дайян Боулемтафес — яке аз варзишгарони умедбахши мусобиқа ва намояндаи кишвари мизбон — рӯ ба рӯ шуд. Ғалабаи Асадуллоев дар ин рақобат арзиши хоса дошт, зеро маҳз ҳамин пирӯзӣ ба ӯ медали биринҷӣ овард ва Тоҷикистонро бори аввал ба минбари «Гранд Слем»-и Париж баровард.

Ин дастовард аз рушди устувори дзюдои тоҷик ва зуҳури насли нави варзишгарони рақобатпазир шаҳодат медиҳад. Дар ҳамин ҳол, мусобиқа дар пойтахти Фаронса идома дорад ва дастаи Тоҷикистон имкони беҳтар кардани натиҷаро низ дорад.
Рӯзи 8 феврал дар мусобиқа баромадҳои Абубакр Шеров (то 81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (то 90 кг) ва Абубакри Акобир (то 100 кг) дар назар аст.
Манбаъ: Grand Slam Paris / маълумоти расмии мусобиқа
