Душанбе, 09 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дастаи махсуси милитсияи «Шоҳин»-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иштироки худро дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии UAE SWAT Challenge, ки рӯзи 7 феврал дар шаҳри Дубай оғоз гардид, бо натиҷаҳои умедбахш оғоз намуд. Ҳузури воҳиди тоҷик дар яке аз бузургтарин сабқатҳои байналмилалӣ миёни қувваҳои махсус рӯйдоди муҳим барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор меравад.

Тибқи иттилоъ, дар рӯзи аввали мусобиқа дастаи Тоҷикистон сатҳи баланди омодагии касбӣ ва тактикиро нишон дода, ҳамаи талаботи марҳилаи рақобатиро бо муваффақият иҷро кард. Баромади «Шоҳин» аз омодагии ҷиддии ҳайат ва қобилияти амал дар шароити наздик ба амалиёти воқеӣ шаҳодат медиҳад.
UAE SWAT Challenge яке аз мусобиқаҳои мураккабтарин ва нуфузманд дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Имсол дар он 114 даста аз 48 кишвари ҷаҳон иштирок доранд, ки воҳидҳои элитаи пулис ва дигар сохторҳои қудратиро намояндагӣ мекунанд. Барномаи мусобиқа иҷрои машқҳои тактикӣ, тирпарронӣ, унсурҳои ҳамла ва ҳамоҳангии даставиро дар бар мегирад.
Сабқатҳо то 11 феврал идома хоҳанд ёфт ва дар рӯзҳои наздик дастаи «Шоҳин» рақобати худро бо қавитарин воҳидҳои махсуси ҷаҳон идома медиҳад. Натиҷаҳои рӯзи аввал нишон медиҳанд, ки намояндагони Тоҷикистон қодир ҳастанд кишварро дар сатҳи байналмилалӣ бо сари баланд муаррифӣ намоянд.
Иштирок дар UAE SWAT Challenge на танҳо нуфузи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро боло мебардорад, балки барои табодули таҷриба, омӯзиши усулҳои муосири тактикӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалии касбӣ низ заминаи муҳим фароҳам меорад.
АКС: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
